ОБУ ҲАВО: Дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ (мавзеи Айвоҷ, н. Панҷ, Панҷи поён, ш.Бохтар, н. Ёвон, н. Фархор, н.Ховалинг, ш. Душанбе, мавзеи Чормағзак, н.Файзобод, ш.Хуҷанд, ш.Бӯстон, н. Ишкошим, н.Рӯшон) шиддати вазиши шамол бо суръати 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд. Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони суст меборад. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шимолу ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 10+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 17 +22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва тағйирёбанда пешбинӣ шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Танҳо рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






