Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ҳархелаи мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳраки Бӯстон зебоии тоза мебахшад.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он барои кормандон беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ давоми 10 моҳ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардида, он бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Иншоот дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра сохта шудааст.
Тибқи иттилоъ, аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карданд.
Роҳбари муаззами Ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






