Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон»-ро дар ноҳияи Мӯъминобод ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии “Чилдухтарон”-ро ифтитоҳ карданд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ дар муҳлати як сол бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар дохили маҷмааи сайёҳии “Чилдухтарон” меҳмонхонаи панҷошёнаи “Чилдухтарон” бо шароити муосири хизматрасонӣ бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули сад нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи масъулини ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” дар оянда бо истифода аз боду ҳавои нотакрори ин мавзеъ марҳилаи дуюми маҷмааи сайёҳии Чилдухтарон бунёд мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки рушди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ноҳияи Мӯъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои “Чилдухтарон” ва “Чашмаи ҷӯшон” барои тамошои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат аст.
Дар ҳамин мавзеъ ширкати “Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон” ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд кардааст. Дар ин хонаҳо, ки барои будубоши сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд, ҳамаи шароит фароҳам аст.
Дар маҷмӯъ бо иловаи ба истифода додани ин хонаҳо, дар мавзеи Чилдухтарон барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ фароҳам оварда шуд.
Мавзеи Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин мавзеи зеборо ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд.
Бо пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар мамлакат сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбад, ки ҳадаф фароҳам овардани шароити арзанда дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мебошад.
Мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти мамлакат, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд, бо таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсони ватандӯст ободу зебо мегарданд ва дар он инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта мешавад.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд






