Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабо бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи таълимии 2-ошёна аз 3 бино иборат мебошад. Бинои асосии он, ки соли 1960 қомат афрохта буд, аз сабаби корношоям гаштан пурра аз байн бардошта шуд. Корҳои сохтмонии иморати нав аз моҳи декабри соли 2018 оғоз ёфтанд. Дар рафти корҳо масъулин сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб намуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳияи Шаҳринав дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо дастгирии оилаи Рӯзиевҳо бунёд шудааст. Дар ин бинои таълимӣ 800 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Бинои нави муассиса, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст, аз 12 синфхона иборат мебошад. Синфхонаҳо бо дастгоҳу лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳазанд. Бо дарназардошти эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” синфхонаҳои фанни физикаву химия дар ин мактаб барои гузаронидани озмоишҳо ва дарсҳои амалӣ ба таври муосир таҷҳизонида шудаанд.
Қомат афрохтани бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 омӯзгоронро рӯҳбаланду ба кори хеш дилгарм намудааст. Бо истифода аз ин шароит онҳо фаъолиятро дар самти таълиму тарбияи насли наврас боз ҳам ҷоннок мекунанд.
Дар Муассисаи таълимӣ 650 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 43 омӯзгор дарс мегӯянд. Аз ин шумора 35 нафарро занон ташкил мекунанд. То ба истифода додани бинои нави муассиса таълим дар ин мактаб дар се баст сурат мегирифт ва мушкилии норасоии ҷойи нишаст эҳсос мешуд. Бо қомат афрохтани иморати нави муассиса мушкилиҳои омӯзгорону хонандагон пурра бартараф гардид.
Дар баробари ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, ҳамчунин оилаи Рӯзиевҳо 1 километр роҳи асосии кӯчаи Қаҳрамонро аз ҳисоби худ асфалтпӯш карда, ин роҳро чароғон намудаанд.
Майдончаи муассиса таъмиру навсозӣ гардида, дар он барои баргузории дарси тарбияи ҷисмонӣ шароити хуб фароҳам мебошад. Саҳни мактаб сафолакпӯш ва чароғон карда шуда, дар гӯшаҳои алоҳидаи он гулҳои рангоранг шинонида шудаанд.
Баъди ба истифода додани бинои нави Муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ бо имконоти он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯстро барои обод кардани як гӯшаи диёр шоистаи таҳсин ва дастгирӣ хонданд.
Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






