Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Коллеҷи хусусии тиббиро дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 24, 2020 14:21

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Восеъободи калони деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ Коллеҷи хусусии тиббиро, ки бо тарҳи хеле зебо ва дар масоҳати умумии 4 га барои 800 нафар донишҷӯ дар ду баст бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, сохтмони он сентябри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 200 нафар бинокори маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи сентябри соли равон анҷом ёфтааст.

Коллеҷи тиббӣ дорои 44 синфхона мебошад.

Бо ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ акнун зиёда аз 120 нафар имкон пайдо намуданд, ки бо маоши доимӣ таъмин гардида, дар шароити хубу муосир фаъолият намоянд. Бо васеъ намудани самти фаъолият то ба 400 нафар ҷойи корӣ таъмин мегардад. Дар ошёнаи якуми Коллеҷи мазкур озмоишгоҳ, 2 синфи технологияи информатсионӣ бо 30 адад компютер пайваст ба шабакаи интернет, 2 синфхонаи фанни физиология, инчунин 2 синфхонаи фанни физиологияи эътидолӣ, синфи анатомия, 10 проектор, нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона ҷойгир мебошад.

Дар ошёнаи 2-юми он 12 синфхона, китобхона, толори маҷлис барои 150 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои иловагӣ ҷойгиранд. Инчунин дар саҳни ҳавлии Коллеҷи мазкур майдончаи варзишӣ, майдони футболи хурд ва майдончаи волейболбозӣ муҳайё гардидааст.

Дар атрофи Коллеҷи тиббӣ зиёда аз 78 фурӯзонаки равшанидиҳанда насб гардида, зиёда аз 80 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишиву рангоранг шинонида шудааст. Масоҳати 7 ҳазору 600 метри мурабаъ атрофи он сафолакпӯш гардида, зебогии атрофи биноро дучанд намудааст.

Инчунин бо масофаи 100 метр дур дар қабати бинои мазкур бо чуқурии 130 метр чоҳи амудӣ обёрӣ гардидааст, ки бинои навбунёд ва  атрофи онро бо оби нӯшокӣ таъмин намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Сокинони шарафманди ноҳияи Восеъ бунёди чунин як муассисаи таълимии навбунёдро туҳфаи арзандаи даврони Истиқлоли давлатӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону кормандони Коллеҷи мазкурро барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳидоят карданд.

Пас аз ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии тиббӣ Сарвари давлат дар ҳамин ҷо барои бунёди бинои хобгоҳи донишҷуён санги асос гузоштанд.

Ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон