Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1200 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин толори хурди маҷлисӣ ҷойгир мебошад.
Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст, утоқи роҳбарон ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино, Пешвои муаззами миллат ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизб сохта шуда, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Пешвои муаззами миллат зимни суҳбат бо кормандон ва роҳбарони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав таъкид доштанд, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, дар рушд ва пешрафти мамлакат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳисса гузоранд.
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, дар ободӣ ва суботи мамлакат саҳм мегузоранд.
Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






