Раъно Насриддинова дар Суғд соҳиби «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Зимни он хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28 шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова «Шоҳҷоиза»-и озмун ва ҷоизаи махсуси раиси вилояти Суғд — 20 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар маросими ҷамъбасти озмун 39 нафар ғолибони озмун аз рӯи 5 номинатсия муайян гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Озмуни мазкур дар «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат»и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир шуда, дар он 388 нафар ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифта, аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то моҳи декабри соли равон ба таври зайл гузаронида мешавад.
Даври сеюм аз нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе доир мегардад.
Даври чоруми озмун – даври ҷумҳуриявӣ бо иштироки ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






