Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд

Сентябрь 18, 2020 08:48

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорони ин Кооператив бо роҳандозии тадбирҳои иловагии коркарди агротехникии зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти ҷамъоварии ҳосили пахта ноил хоҳанд шуд, зеро ба тахмини хоҷагидорон, соли равон аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна тахминан бештар аз 35-сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳанд овард.

Хоҷагии мазкур серсоҳа буда, дорои 1147 гектар замини корами обӣ ва лалмӣ мебошад. Имсол аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёрдошта, хоҷагидорон дар масоҳати 250 гектари он навъҳои пунбадонаи “Дӯстӣ”, “Флеш”, “Флора” ва “Хуҷанд-67” кишт карданд. Ба иттилои мутахассисон, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъҳои пахта мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуда, таъкид карданд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда шавад, то ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқон сари вақт ҷамъоварӣ гардад.

Дар Кооперативи тиҷоратии Латиф Муродови шаҳри Ҳисор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маъракаи кишти тирамоҳии зироат иштирок карданд.

Дар ҳамин рӯз дар майдони бештар аз 32 гектар замине, ки аз ҳосили кишти асосиву такрорӣ холӣ шуда буд, кишти тирамоҳии гандум гузаронида шуд.

Дар ҳамин мавсим дар масоҳати бештар аз 160 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, аз ҷумла шудгори босифат ва истифодаи тухмиҳои серҳосили минтақабобро махсус таъкид карда, масъулони соҳаро вазифадор сохтанд, ки ба масъалаи гузаронидани кишти тирамоҳии зироат диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Гузаронидани шудгор ва кишти зироат махсусан дар ҳамин айём фоидаовар мебошад.

Яке аз самтҳои фаъолияти Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов- ин тухмипарварӣ буда, раванди мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2008 ба роҳ монда шудааст ва ҳамасола хоҷагидорон аз 300 то 400 тонна тухмӣ захира карда, ба фурӯш мегузоранд.

Дар ҳамин мавзеъ инчунин намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаҳои  чорво баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ кормандони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ, аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов, Хоҷагии таҷрибавии зироаткорӣ ва Хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор” навъу намудҳои гуногуни тухмии зироат, меваҳои шаҳрдбор, сабзавот, полезӣ ва ғайраро ба маъраз гузоштанд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ намунаҳои чорвои хушзот, ки дар хоҷагиҳои чорводории шаҳри Ҳисор парвариш меёбанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Айни замон теъдоди чорвои калони шохдор дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ҳисор ба зиёда аз 69 ҳазор сар мерасад, шумораи чорвои хурд бештар 120 ҳазор сарро ташкил медиҳад.

Самти дигари фаъолияти Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов чорводорист, ки намунаҳои беҳтарини он аз зотҳои сиёҳало ва сементал ба намоиш гузошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар фермаи ин хоҷагӣ қариб 800 сар чорвои калони шохдор ва 2,5 ҳазор сар чорвои майда парвариш карда мешавад. Аз шумораи умумии чорвои калони шохдори хоҷагӣ зиёда аз 350 сар ширдеҳ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба инкишоф ва зарфиятҳои соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор масъулонро муваззаф карданд, ки истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу заминро самаранок ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ бештар ҳисса гузоранд.

Оғози ҷамъоварии пахта дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор 18.09.2020

Сентябрь 18, 2020 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд