Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Руҳафзо»-ро дар шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 23, 2020 09:37

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Борбади Марвазии ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисӣ — табобатии “Руҳафзо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази нави ташхисию табобатӣ аз таҳхона ва ду бинои алоҳидаи дуошёна иборат мебошад.

Муассисаи нави тандурустӣ дар ноҳияи Вахш аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми якуним сол сохта, ба истифода дода шудааст.

Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Маркази нави ташхисӣ-табобатӣ дорои гӯшаи гиёҳдармонӣ, дандондармонӣ, озмоишгоҳ, утоқҳои махсуси ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии дил, ҳуҷраҳои безараргардонӣ, духтури чашм, ташхису муолиҷаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ иншоот аз 24 утоқи хизматрасонӣ иборат аст.

Утоқҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маркази табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи маризон фароҳам мебошад.

Ба корафтодагон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи ғанӣ бо усули замонавӣ 12 намуди хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар Маркази ташхисӣ – табобатӣ барои қабули беморон 20 кати хоб муҳайё гардидааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти Маркази ташхисӣ — табобатии “Руҳафзо” муосиртарин буда, аз Германия ва Туркия дастрас ва васлу насб шудаанд.

Дар иншооти нави соҳаи тандурустӣ 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Бинои Маркази ташхисӣ — табобатӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар Маркази нави ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ҳидоят намуданд.

Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки боигарии давлат аст, имконоти фарох муҳайё сохтааст.

Ин аст, ки имрӯз дар баробари мукаммал гардидани шароити хизматрасониҳо дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ҳавасмандии бахши хусусӣ низ ба ин самт баръало эҳсос мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Вахш имрӯз 76 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла як беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи рақамӣ, як маркази саломатӣ, 13 маркази саломатии деҳот ва 52 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунанд.

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ - табобатии “Руҳафзо” дар шаҳраки “Вахш”-и ноҳияи Вахш 23.09.2020

Сентябрь 23, 2020 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд