Шабакаҳои барқи шаҳри Конибодом ба давраи зимистон ҳамаҷониба омода мешаванд

Сентябрь 6, 2020 09:15

ДУШАНБЕ, 06.09.2020. /АМИТ Ховар/. Барои аз сарборӣ озод намудани истгоҳҳои трансформаторӣ дар ноҳияи Конибодом онҳо бо трансформаторҳои пурқувват  иваз карда шуда, хатти нави ҳавоии интиқоли барқи 10 КВ низ бо дарозии 480 м ба истифода дода шудааст. Дар ин бора ба мухбири  минтақавии АМИТ “Ховар” дар вилояти Суғд аз шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд.

Баҳри фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон имрӯзҳо аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳри Конибодом ҷиҳати таъмини боэътимоди корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ бо неруи барқ дар самти истеҳсолию техникӣ корҳои муайян ба иҷро расонида мешаванд.

Аз ҷумла, то имрӯз барои бартараф намудани қитъаҳои аз назари ба амал омадани садаманокӣ ва кам намудани талафоти неруи барқ аз ҷониби барқчиёни шаҳр ноқилҳои сербори хатҳои интиқоли барқӣ иваз карда шуда, шохаҳои дарахтоне, ки ҳангоми боду борон боиси  садама мегардиданд, тоза карда шудаанд.

Ҳамзамон дар самти сарфакории неруи барқ аз ҷониби кормандони шабақаҳои барқӣ дар хиёбону гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр тамоми таҷҳизоти равшанидиҳанда ба таҷҳизоти муосир ва лампаҳои каммасраф иваз карда шудаанд, ки ин раванд дар ташкилоту муассисаҳо низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Инчунин баҳри фаъолияти пурра дар мавсими зимистон маводи сӯзишворӣ ба тариқи кофӣ захира карда шуда, ҳамаи трансформаторҳои барқӣ низ бо равғанҳои пур карда шуда, дар ҳамаи иншоот корҳои профилактикӣ гузаронида шуда истодаанд.

Ҳоло дар системаи энергетикии вилояти Суғд, ки аз Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ва шаш шабакаи барқии минтақавӣ, ки он аз 18 шабакаи шаҳру ноҳиявӣ иборат аст, дар асоси дастури ширкати “Барқи тоҷик” дар самти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 корҳо тибқи нақшаи корӣ бомаром идома доранд.

Аз ҷумла, тибқи маълумоти масъулини Шабақаҳои барқии вилояти Суғд то даҳаи аввали моҳи август дар шабакаҳои барқии вилоят таъмири хатҳои кабелии 0,4-6кВ бо дарозии 58,7 км ба маблағи 2,4 мл.сомнӣ, таъмири хатҳои ҳавоии 0,4-20кВ бо дарозии 745 км ба маблағи 3,1млн.сомонӣ, таъмири хатҳои ҳавоии 35-110кВ бо дарозии 164 км ба маблағи 0,2 млн. сомонӣ, таъмири трансфарматорҳои қуввагии 6-10кВ 323 адад ба маблағи 0,7 млн. сомонӣ, таъмири пунктҳои трансформатории 6-20кВ 1439 адад ба маблағи 4,9 млн.сомонӣ, таъмири таҷҳизоти барқии зеристгоҳҳои 35-220кВ ба маблағи 0,7 млн.сомонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

 

Сентябрь 6, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид