COVID-19. Пандемия ва аҳамияти рушди рақамикунонии иқтисодиёт

Сентябрь 2, 2020 16:48

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Беш аз 10 моҳ мешавад, ки яке аз масъалаҳои асосию ташвишовари иқтисодиёти ҷаҳон мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити паҳншавии он иқтисодиёти ҷаҳон дар ҳолати таназзул, ки бо давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон қиёс мешавад, қарор дорад. Масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳон, ба мисли маҳдудиятҳои тиҷорати байналмилалӣ, протексионизми гумрукӣ, буҳрони бозори нефт ва ғайра, ки то пандемия ба амал омада буданд, ҳоло вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидаанд. Чунин андеша дорад доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ.

Пандемияи коронавирус такони огоҳкунандаест. Он субъектҳои иқтисодиёти ҷаҳонро ба ҳамгироӣ даъват мекунад ё баръакс, ҳар кадомро водор месозад, ки дар алоҳидагӣ амал намоянд. Аз ибтидои пайдоиши пандемияи коронавирус дар Чин ҷараёни паҳншавии он дар ҳама ҷо ба якдигар монанд буд. Дар он шароит кишварҳои мутараққӣ аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои дохилӣ баромада тавонистанд, давлатҳои рӯ ба инкишоф танҳо бо ҳамкории мутақобила мушкилиҳоро ҳал менамоянд. Аз ин рӯ, кишварҳои олам бояд бар асоси таҳкурсие, ки муносибатҳои иқтисодӣ, савдои озод ва ҷараёни ҷаҳонишавиро суръат мебахшад, муттаҳид шаванд, ки онро иқтисодиёти рақамӣ таъмин менамояд. Дар шароити паҳншавии пандемияи коронавирус зарурати рушди интернет ва шабакаҳо ҳамчун воситаҳои асосии мавҷудият ва пешравии ҷомеа барои доираҳои соҳибкорӣ ва кишварҳо ба ҷои аввал баромад. Инсоният ба давраи нави рақамии рушди муносибатҳои иқтисодӣ ворид шуд.

Зимнан, иқтисодиёти рақамӣ фаъолияти иқтисодиест, ки дар асоси ҷорисозӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ — иттилоотӣ дар ҷараёнҳои истеҳсолӣ, идоракунӣ ва дигар самтҳо ташкил шуда, ба хотири таъмини манфиатҳои миллӣ, баландбардории сатҳу сифати зиндагии мардум, инчунин фароҳам овардани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ дар бозорҳои беруна амал мекунад. Иқтисодиёти рақамӣ гузариш ба шаклу сохти нави ҳаёт, моделҳои нави пешбурди тиҷорат ва ташкили ҷараёнҳои нави истеҳсолӣ мебошад. Мутаассифона, буҳрони ҷаҳонии коронавирус буҳрони ниҳоӣ нест ва вобаста ба тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳон, тезутундшавии ҷараёнҳои ҷаҳонӣ такроршавии босуръати буҳронҳои дигар низ пешгӯӣ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол ҷомеашиносон садо баланд мекунанд, ки инсоният дар шароити ҷаҳонишавӣ бо истеъмолоти беҳудаю беназорат ва нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа то куҷо мерафта бошад? Ҳанӯз 20 сол қабл ҷомеашиноси итолиёвӣ Доменик Белпомм дар бораи 5 сенарияе, ки сайёраро маҷбуран ба нестшавӣ мерасонад, маълумот дод, ки байнашон зуҳури пандемияи сироятӣ низ буд. Пандемияи коронавирус ҷараёни гузариш ба рақамикунонии ҷомеа, соҳибкорӣ ва тиҷоратро, ки тайи солҳои охир давом дорад, тезонид. Буҳроне, ки маҳдудияти зиёдро дар кишварҳои олам пеш овард, ба иқтисодиёти анъанавӣ зарба зада, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ такон бахшид. Кор то ба он ҷое ҳам расид, ки сарварони кишварҳо аз вохӯриҳои як ба як ва гурӯҳӣ даст кашида, конференсия ва мулоқотро тавассути Skype, Zoom ва дигар барномаҳо анҷом доданд. Илова бар ин, тиҷорат, илму маориф ва соҳаҳои дигар ба платформаҳои онлайн (муросилотӣ) гузашта, хароҷотро то андозае камтар карданд. Ҳамчунин дастрас намудани молу маҳсулот бе алоқаи байниҳамдигарии одамон афзалият нишон дода, роботҳои хизматӣ, мағозаҳои худхизматрасонии бе фурӯшанда ва дигар самтҳои нави фаъолиятро пеш оварда, хавфи сироятёбии одамонро кам гардониданд. Ҳамаи ин ба рушду равнақи технологияҳои рақамӣ мусоидат намуд ва одамон аз тарси он ки аз вирус сироят наёбанд, ба савдои ғайримус­тақим ё онлайн бартарият доданд. Ин ҷиҳат саҳми тиҷорати электронӣ (e-commerce)-ро зиёд гардонид.

Вобаста ба ин, тибқи маълумоти SaaS Quantum Metric, дар давраи пандемия ҳаҷми тиҷорати электронӣ (e-commerce) ба 52 дарсад расида, аз рӯи маълумоти Комиссияи Аврупо, бозори ҷаҳонии телетиб (истифодаи технологияи компютерӣ барои табодули маълумоти тиббӣ) зиёда аз 14 фоиз рушд кард. Созмони ЮНЕСКО қайд мекунад, ки 160 давлати дунё таҳсили мактаббачагонро ба реҷаи онлайн гузаронидаанд, ки 87 фоизи толибилмонро дар ҷаҳон ташкил менамояд. Зикр бояд кард, ки ҳаҷми хизматрасонии телетиб дар дунё ба 45 млрд. доллари ИМА ва дар Россия ба 2 млрд. доллари ИМА расидааст.

Аз рӯи маълумоти коршиносон, соли 2020 ва аввалҳои соли 2021 сатҳи бекорӣ афзуда, сатҳи тараққиёти иқтисодиёти кишварҳои мутараққӣ қариб 10 фоиз ва мамлакатҳои рушдкунанда 2-3 фоиз поён меравад. Имсол аз таъсири пандемияи COVID-19 фазои тиҷоратию соҳибкорӣ дигаргун мегардад ва иқтисодиёти ҷаҳон аз он зиёда аз 1 трлн. доллари ИМА зарар мебинад. Дар баъзе аз кишварҳои ИДМ талабот ба хизматрасониҳои алоқаи овозӣ 15 фоиз, дастрасӣ ба интернети доимимуайяншуда 30 фоиз, интернети мобилӣ 10-15 фоиз зиёд мегардад ва бо гузашти давраи муайян ин рақамҳо боз ҳам боло мераванд.

Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, бо пайдоиши пандемияи коронавирус суръати рақамикунонии иқтисодиёт даҳ баробар афзуд. Солҳои тӯлонист, ки дар бораи рақамикунонии иқтисодиёт, дар мисоли корбарии алоҳидагӣ (муросилотӣ, дурӣ аз ҷои кори асосӣ), таҳсилоти фосилавӣ, телетиб ва ғайраҳо) гуфтугузору мубодилаи афкор идома дошта, алҳол муҳимияти ин масъалаҳо баръало ба чашм мерасад. Буҳронҳо меоянду мераванд, ҳар кадоме ба дигаргуниҳо, пайдоиши соҳаҳои нав дар иқтисодиёти ҷаҳон замина гузошта, муносибатҳои иқтисодиро тағйир медиҳанд. Нобаробарии рақамикунонӣ, ки ба сатҳи доро будан ва таъмини технологияҳои иттилоотӣ, барномаҳои корбарӣ, асосҳои моддию техникии иқтисодиёти рақамӣ вобаста аст, бо гузашти вақт аз байн рафта, кишварҳоро ба ҳамгироӣ дар бахши рақамикунонии муносибатҳои иқтисодӣ водор месозад.

Як бори дигар исбот шуд, ки саноати телекоммуникатсия дар рушди тиҷорату соҳибкорӣ, муносибатҳои иқтисодии одамону кишварҳо нақши калон дошта, ҳамгироии субъектҳои иқтисодиро дар шароити карантин (lоckdown) таъмин месозад. Дар шароити худиҳотанамоӣ, ки 80 фоизи кишварҳо пурра, 20 фоизи дигар қисман карантин ҷорӣ карданд, ду гурӯҳи мутахассисон: кормандони соҳаи тиб ва телекоммуникатсия барои беҳбудии саломатии мардум ва беҳсозии ҳолати эпидемиологӣ саҳми босазо гузоштанд. Ширкатҳои калони телекоммуникатсионӣ қариб 15% кормандонро дар ҷойҳои кор монда, 85% дар шароити фосилавӣ аз хонаҳо фаъолият намуданд.

Хусусияти дигари рақамикунонӣ он аст, ки дар баъзе аз кишварҳои ИДМ китобҳои дарсиро ба шакли электронӣ гузаронида, таҳсилоти фосилавӣ ҷорӣ намуданд. Ин намуди таълим омӯзиши босифати иловагии хонандагонро таъмин ва барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд шароит фароҳам сохт. Масалан, дар Федератсияи Россия то соли 2024 минтақаҳо бо технологияҳои нави фосилавӣ таъмин гардида, 70% кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба таҳсилоти фосилавӣ фаро гирифта мешаванд. Калонтарин мактабҳои олии Федератсияи Россия, ба монанди ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, ДДСПб, ДФУ, ДИТ Мактаби олии иқтисодӣ ва дигарҳо барои донишҷӯён онлайн-курсҳои ройгон ташкил карданд.

Дар ҷаҳони технологияҳо ва олами рақамӣ омехташавии фарҳангӣ қариб ҳама вақт ба амал омада, дар тиҷорати рақамикунонидашуда фарқият байни фарҳанги корпоративӣ аз байн меравад, яъне шаффофият, суръат, фаъолнокӣ, моделҳои нави меҳнат қариб дар ҳама ҷо як хел мешаванд.

Пандемия дар ҷаҳон фаъолнокии доираҳои тиҷоратию соҳибкориро суст гардонид. Масалан, ин ҳолат илова ба нархи пасти нефт дар Россия хисороти иқтисодиётро ба беш аз триллион рубл расонид. Ҳаҷми ММД Федератсияи Россия аз 2,5-5% пешгӯӣ шуда, сафи бекорон аз 2,5 то 8 миллион нафар мерасад. Тибқи маълумоти таҳлилгарони байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон аз ретсессия (таназзул) зиёда 9 триллион доллари ИМА бой медиҳад.

Роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева зикр менамояд, ки иқтисодиёти ҷаҳон ретсессияи бадтаринро нисбат ба буҳрони глобалии иқтисодӣ аз сар мегузаронад, ки дар таърихи 75-солаи хазина кишварҳо ба маблағгузории фаврӣ муроҷиат накарда буданд, якбора 85 давлати дунё ба ин намуди маблағгузорӣ дархост пешниҳод карданд. Аз ин рӯ, ХБА аз захираҳо 1 триллион доллари ИМА ҷудо намуда, ҳаҷми маблағгузории фавриро ду маротиба зиёд карда, аз 50 млрд. доллари ИМА ба 100 млрд. доллари ИМА мерасонад. Тибқи пешгӯии ХБА, дар натиҷаи пандемия аввали соли 2020 рушди иқтисодиёти ҷаҳон 1,9%, баъд 4,9% поён меояд. Дар минтақаи евро 10,2% коҳиш ёфтани иқтисодиёт дар назар аст. Таҳлилгарони ХБА зикр намуданд, ки пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон ҳар моҳ 375 млрд. доллари ИМА зарар мерасонад. Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ соли 2020 бо иловаи маблағҳои грантии дастгирикунандаи буҷет ба 23,6 млрд. сомонӣ (28,3% ММД), нақшаи аниқшудаи ҳаҷми умумии хароҷоти он ба 26,0 млрд. сомонӣ (31,3%ММД) баробар мегардад. Дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бознигарӣ шуда, тибқи он коҳиш ёфтани ҳаҷми номиналии ММД нисбат ба дурнамои тасдиқшудаи соли 2020, аз 87,3 то 83,5 млрд. сомонӣ ва пастравии суръати рушди воқеии он аз 7,8% то 4,7% пешгӯӣ мегардад.

Иқтисодшиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) пешбинӣ мекунанд, ки пандемияи коронавирус Инқилоби чоруми саноатиро суръат бахшида, ба рақамикунонии иқтисодиёт сабаб мегардад ва пайдоиши онлайн-иқтисодиёт ба миён меояд. Тиҷорат суст гардида, занҷираи истеҳсолот-фурӯш дар шаклҳои дигар ва бо афзалияти амалҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад. Дар давраи пандемия бонкҳо хизматрасонии фосилавиро васеъ намуда, ба мизоҷон хадамоти интернет-банкинг, банкинги мобилӣ, смс-банкинг ва ғайра пешниҳод менамоянд.

Ташаббускорони қабули қарорҳо оид ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, ширкатҳои калони технологӣ, ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, шароитро барои ояндаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии саноат ва ғайра фароҳам меоранд. Ин ҷо шартҳои ҳимоя ва бехатарии сарчашмаи маълумоти ҳам инфиродӣ ва ҳам корпоративӣ, ҳангоми истифодаи онлайн-замимаҳо ва биометрия, инчунин андозбандии ширкатҳои рақамӣ ба миён меоянд.

Пандемияи коронавирус ба ҳаҷми фоидаи корпоратсияҳои технологӣ низ таъсири манфӣ расонид. Он на танҳо гузариши корхонаҳоро ба ҷараёни рақамикунонӣ тезонид, балки муҳаққиқону олимонро водор сохт, роҳу усули нави истифодаи технологияҳои инноватсиониро барои амалишавии мақсадҳо ҷустуҷӯ намоянд.

Интизор меравад, ки дар иқтисодиёти рақамӣ ҳангоми истифодаи муштараки захираҳо аз рӯи қиёси талаботу пешниҳоди тавоноиҳои истеҳсолӣ (Combiworks) ва пайваст намудани борравонкунандагон бо нақлиёти боркашонӣ (Cargomatic) дар чорчӯбаи B2B ривоҷу равнақ меёбад. Ин дар он ифода меёбад, ки ширкатҳои таҳти фишори бозор қарордошта усули эҷодкорию ба зудӣ кам кардани хароҷот ва ба пул табдилдиҳии дороиҳоро ҷустуҷӯ менамоянд. Масалан, ҳамин ҳолат боис гардид, ки бозори ҳамкории муштараки васоити рақамии ширкатҳои Microsoft Teams, Google Hangouts ва Zoom рушд намуда, арзиши саҳмияҳои ширкати Zoom 50% боло равад.

Россия аз рӯи маблағгузории рақамикунонӣ дар сатҳи 4% ММД қарор дошта, то соли 2025 иқтисодиёти рақамиро рушд дода, мехоҳад ба кишварҳои пешсаф баробар шавад. Ҳозир пешсафони саҳми иқтисодиёти рақамӣ дар ММД кишварҳои ИМА ва Чин (11% ММД) ба ҳисоб мераванд. Дар ФР барои рақамикунонии иқтисодиёт 3,5 трлн. рубл (0,5 млрд. доллари ИМА) ҷудо намуданд. Сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Германия 46%, Франсия — 67 ва Нидерландия 77% мебошад.

Ҳолатҳои буҳронӣ, ки аз пандемия ба вуҷуд омаданд, камбудию норасоии рақамикунонии ҷараёнҳои ҷамъиятию сиёсӣ, хоҷагӣ, илму маорифро нишон дода, баъзан ба рақамикунонии саросемаю маҷбурӣ оварда мерасонанд. Зимнан, ҳукуматҳо барои дастгирии соҳибкорӣ як қатор қарорҳои барои рақамикунонӣ вобаста қабул намуданд. Барои мисол метавон кишвари ҳамсоя — Ӯзбекистонро ном бурд, ки он ҷо рақамикунонии соҳаҳои саноат фаъолона ҷорӣ гардида, шумораи аҳолии ба интернет дастрасидошта ба 67%, яъне ба 22,5 млн. нафар баробар шудааст. Саҳми мутахассисони соҳаи ТИК (технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) миёни аҳолии соҳиби шуғл ба 0,5% мерасад, ки ин нишондиҳанда дар давлатҳои пешрафтаи Иттиҳоди Аврупо ҳафт баробар зиёд буда, 3,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар Россия 77% шумораи умумии хонаводаҳо интернет, 65% аҳолии калонсол барои дохилшавӣ ба интернет телефони мобилӣ истифода бурда, ин рақамҳо мутаносибан дар Корея ва Япония 99% ва 96 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин 42 фоизи интернет-истифодабарандагони калонсол бо почтаи электронӣ кор мекунанд. Барои муқоиса ин нишондиҳанда дар Финландия ва Шветсия — 94%, Чехия — 93%, Британияи Кабир ва Германия — 92% мебошад.

Пандемияи коронавирус боз як бори дигар муҳимият ва ногузирии коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳои мукотибаи фосилавиро ба миён гузошт. Дар рушди чунин технологияҳо блокчейн, ки миёнаравҳоро ҳангоми амалиёт аз байн мебарад, нақши асосӣ мебозад. Дар ин самт Чин хеле фаъолияти хуб дорад, ки тасдиқи он ҷорисозии юани рақамӣ дар асоси технологияи блокчейн мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, шароити ҳозираи иқтисодиёти ҷаҳон моро водор месозад, ки қонунҳо «Дар бораи иқтисодиёти рақамӣ», «Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ», «Дар бораи имзои электронӣ-рақамӣ» қабул намоем.

Дар бисёре аз кишварҳо ташкили шаҳрҳои доно (smart city) аз рақамикунонии ҳукумат оғоз гардида, баъд аз ин амалишавии барномаю ташаббусҳои гузариш ба шаклҳои рақамии интиқоли иттилоот ба дигар соҳаҳои ҳаёт идома дода мешавад. Дар Британияи Кабир, Дания ва Сингапур ҷараёни ҳамкории доираҳои тиҷоратӣ ва аҳолӣ бо сохторҳои давлатӣ, тавассути онлайн-хизматрасониҳо, замимаҳои мобилӣ ва барномаҳои инноватсионӣ 98% дархостҳоро ташкил менамоянд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, зикр шудааст, ки «Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчӣ зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад. Мақомоти давлатӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рақамигардонии фаъолияти идоракуниву истеҳсолот бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифодаи механизм ва шаклу усулҳои муосир ба танзим дароранд».

Ба ғайр аз ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ -2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» (15 октябри соли 2018) иброз доштанд, ки «…ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф ба ҳисоб мераванд.

Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои сафарбар намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ва самтҳои дигар тадбирҳои муассир андешида истодааст».

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон крипто-асъорҳо, аз ҷумла, биткоин ба монанди дигар асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт эътироф нагардидааст ва оид ба истифодаи он низ дастуре нест. Вобаста ба ин дар мамлакат амалиёти молиявию бонкӣ бо истифодаи он гузаронида намешавад. Он танҳо дар шабакаи Интернет дар муомилот қарор дорад. Аз ин рӯ, бинобар ниҳонӣ будани он, муайян намудани шахсияти дорандагони биткоин дар ҷумҳурӣ ва ё аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ғайриимкон мебошад.

Зиёда аз 10 сол шуд, ки дар назди мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи гузариш ба идоракунии электронӣ (рақамӣ) ба миён гузошта шудааст.    Дар ин муҳлат як қатор ҳуҷҷату барномаҳо, ба монанди «Консепсияи ташкили Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмини бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва ғайраҳо қабул гардиданд. Ба ғайр аз ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 642 аз 30 декабри соли 2019 «Лоиҳаи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст. Ҳамаи ин ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардида ба ташкили Ҳукумати электронӣ мусоидат менамоянд.

Мақсади асосии ташкили Ҳукумати электронӣ амалӣ сохтани масъалаҳои зерин мебошад:

— баландбардории самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби истифодаи васеи ТИК;

— баланд намудани сифат ва дастрасии хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба шаҳрвандону муассисаҳо;

— содагардонии раванд ва кам намудани муҳлатҳои расонидани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, ихтисори хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматрасониҳо марбутанд;

— баландбардории дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

— ташкили низоми ягонаи мубодилаи иттилоот бо истифодаи захираҳои иттилоотӣ -электронӣ, ҳамбастагии доимӣ бо низом ва маҳдудиятҳои шабакаҳои бақайдгирии ҳамаи муштариён.

Дар сурати ҷорӣ намудани Ҳукумати электронӣ масъалаҳои зерин ҳал хоҳанд шуд:

-коркард ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотӣ-таҳлилӣ, ки ҷараёни қабули қарорҳои идоракуниро дар ҳудуди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мемонанд;

— автоматикунонии ҳамкории байниидоравӣ ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ, ҷараёни расонидани хизматрасониҳои давлатӣ;

— дастрасӣ ва шаффофияти иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васеъ намудани дастрасӣ ва иштироки бевоситаи шаҳрвандон, муассисаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди ташкилу ташхиси қарорҳои дар ҳамаи сатҳ қабулнамудаи идоракунии давлатӣ;

— баландбардории сифати ҷараёнҳои маъмурӣ-идоракунӣ, таъмини назорати фаврии натиҷаҳои фаъолияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ.

Инчунин барои амалишавии гуфтаҳои боло бояд асосҳои зарурии меъёрӣ -ҳуқуқии ташкили ҳукумати электронӣ ба роҳ монда шавад. Чунончӣ, ташкили инфрасохтори ягонаи таъмини ҳуқуқии ҳамкории электронӣ, ташкили таркибҳои асосии инфрасохтори ҳукумати электронӣ ва рушди хизматрасониҳои электронии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таъмини бехатарии инфрасохтори иттилоотӣ ва ташкили низоми давлатии автоматикунонии идораи захираҳо ва ғайра.

Коршиносони ширкатҳои машваратии байналмилалӣ аз рӯи маълумоти омории мавҷуда, саҳми иқтисодиёти рақамиро дар ММД мамлакат қариб 0,6% ҳисоб мекунанд. Ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар мамлакат барои тараққиёти иқтисодиёти миллӣ ояндаи дурахшон пешгӯӣ менамояд. Давлат бо дарназардошти сатҳи баланди маълумотнокии аҳолӣ аз рушди иқтисодиёти рақамӣ баҳраи бисёр ба даст хоҳад овард.

Иқтисодиёти рақамӣ барои мубодилаи иттилоот, илму маориф ва пешбурди шаффофи тиҷорату соҳибкорӣ, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Мақомоти давлатӣ дар риоя намудани низому қоидаҳо ва додугирифти тиҷоратӣ ва бехатарию эътимоднокии онҳо дар фазои рақамӣ, чӣ барои соҳибкорон ва чӣ барои истеъмолкунандагон нақши калон мебозад.

Бо қабули қарору қонунҳои саривақтию муҳим, мақомоти давлатӣ фазои барои рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидаткунандаро фароҳам меоранд, ки самаранокии фаъолияти онҳо ва ҷомеаро дар умум баланд мебардорад. Мақомоти давлатӣ роҳҳои ҳавасмандгардонии гузариши гурӯҳи кормандонро дар истеҳсолот ба намудҳои нави ҷойҳои кории рақамӣ бояд муайян намоянд.

Барои ташкили гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ коркард ва қабули Барномаи давлатии «Иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ногузир аст, ки хусусияти стратегӣ дошта, самтҳои тараққиёти иқтисодиёти рақамӣ ва ҷиҳатҳои амалишавии онро таҷассум менамояд. Ба ҷуз ин, барнома чорабиниҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ ва шароити молиявии рушди иқтисодиёти рақамиро дар ҷумҳурӣ ба назар гирифта, ҳамгироии онро бо фазои иқтисодиёти рақамии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъмин месозад.

Хусусияти иқтисодиёти рақамӣ, ки ба иттилооту технологияҳои иттилоотӣ бунёд мегардад, аз он иборат аст, ки маркази ташаккули арзиши изофа тағйир меёбад. Маркази асосии иқтисодиёти анъанавӣ агар истеҳсолот бошад, аз иқтисодиёти рақамӣ муҳандисӣ (engineering) ба шумор меравад, ки ҳама консепсияи иқтисодиёти муосирро муайян месозанд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки он ҳама тағйироти глобалӣ инсониятро неруманду донотар гардонид ва ҷомеа аз буҳрони коронавирус таҷриба гирифта, зеҳну шуурро боз ҳам ба эҷоду ихтироъкорӣ раҳнамо сохт.

Сентябрь 2, 2020 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд