Сокинони Мурғоб соҳилҳои дарёи Оқсуро тоза карданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, соҳили дарёҳо, каналу ҷӯйбор ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, дар ноҳияи дурдасти Мурғоб амалиёти «Тозагии соҳил- 2020» гузаронида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ин амалиёти тозакорӣ, ки аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб ташкил гардид, беш аз 150 нафар сокин, хонанда ва корманди идораю муассисаҳо иштирок намуданд.
Зимни ҳашар иштирокдорон 1,5 км соҳили дарёи Оқсуро аз партовҳои маишӣ тоза намуданд. Дар маҷмӯъ, 5 метри мураббаъ партов ҷамъоварӣ гардида, ба воситаи техника ба партовҷо интиқол дода шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






