ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 260-умин рӯзи соли 2020 аст

Сентябрь 16, 2020 08:00

16 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард.

***

9  сол қабл, 16 сентябри соли 2011  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 – солагии таъсиси Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, суханронӣ карданд.

16 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии ҳимояи қабати озон.

***

Дар Мексика – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони соҳаи фарматсевтӣ.

РӮЙДОДҲО:

 16 сентябри соли 2006 дар Тоҷикистон сохтмони Хати интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» оғоз гардид.

***

13 сол пеш, 16 сентябри соли  2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дзюдочии тоҷик  Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон мақоми сеюм ба даст оварда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба шаҳри Пекин роҳхат гирифт.

***

16 сентябри соли 2015 дар «Кохи Наврӯз» — и шаҳри Душанбе 5-умин Фестивали байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Содружество» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1940 дар ИМА барои мардони аз 21 то 35-сола қонун дар бораи уҳдадориҳои умумиҳарбӣ қабул гардид.

***

61 сол муқаддам, 16 сентябри соли 1959 Президенти вақти Франсия Шарл де Голл ба аҳолии Алҷазоир пешниҳод кард, ки барои ба даст овардани истиқлолият аз Франсия раъйпурсӣ баргузор намоянд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1955 аввалин маротиба дар ҷаҳон аз киштии зериобӣ ракетаи низомӣ-баллистикӣ сар дода шуд.

Сентябрь 16, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш