«Табиати биҳиштосо-заминаи асосии рушди сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон дар Суғд ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 1, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии  «Қалъаи Хуҷанд» дар мавзӯи «Табиати биҳиштосо-заминаи асосии рушди сайёҳӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур  масъалаҳои рушди экологию сайёҳии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш   масъулини шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Аз ҷумла зикр шуд, ки Тоҷикистон бо табиати нотакрори худ ҳамеша таваҷҷуҳи оламиёнро ҷалб менамояд ва  моро мебояд, ки  ба таври зарурӣ ин табиати зеборо  ба сайёҳон  муаррифӣ намоем. Ҳоло шӯҳрати  мавзеъҳои Тоҷикистон бо шарофати обу чашмасоронаш  дар байни сайёҳон паҳн гардидааст. Дарёи Сири шаҳри Хуҷанд низ аз мавзеи  нотакрори табиат арзёбӣ гардида, барои ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани он ва ҷалби хориҷиён ба ин макон  масъулияти баланди шаҳрвандӣ зарур аст.

Дар доираи ҳамоиш бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, сохторҳои ободонӣ, кумитаи маҳаллаи «Раззоқ» ва беш аз 30 нафар донишҷўён аксияи «Соҳили тоза» баргузор гардида, соҳили дарёи Сир аз ҳама гуна партов ва алафҳои худрўй тоза карда шуд.  Зеро  ин гуна тадбирҳо имкон медиҳанд, ки шаҳри Хуҷанд ба яке аз бузургтарин шаҳрҳои сайёҳии Тоҷикистон мубаддал гардида, барои муаррифии бештари табиати нотакрор ва маконҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба сайёҳон заминаи мусоид фароҳам  оварда шавад.

Сентябрь 1, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд