«ТО ҶАҲОН БУД АЗ САРИ ОДАМ ФАРОЗ…». Бозсозиву такмили суннатҳои маснависароӣ дар осори Рӯдакӣ

Сентябрь 22, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маснавӣ яке аз се шакли аслӣ ва бунёдии шеъри тоҷикӣ маҳсуб меёбад, ки бар хилофи ду ҷузъи дигар — қасида ва ғазал дар адабиёти шифоҳӣ ва хатти қадимаи мо ҳузури чашмрасе дошт.  Аз ин рӯ, дар давраи оғозини адабиёти форсӣ-тоҷикӣ чун беҳтарин василаи ҳифзу идомаи анъанаву суннатҳои адабиёти тоисломии мо ва таваҷҷуҳу рағбати фаровони мардум ба ин навъи шеър дубора ба доираи муомилоти адабӣ кашида шуд. Бознигарӣ ва гароиш ба ин навъи шеър дар оғози адабиёти форсӣ-тоҷикӣ нишон медиҳад, ки қолаби шеърии маснавӣ дар адабиёти қадимаи мо истифода ва истиқлолу истиқболи созгоре доштааст.

Зеро, чунон ки аксари муҳаққиқон таъкид медоранд, дар адабиёти араб бо қофияи ҷуфт ашъор сурудан чандон роиҷ ва қобили пазириш набудааст. Суханварони араб агар замоне ба ин тарзи қофиябандӣ осори манзум гуфта бошанд ҳам, он маҳз бар асари нуфузи шуарои арабизабони эронитабор дар назми арабии асрҳои VIII-IX зуҳур намудааст. Суханварони  араб баръакси эрониён мутлақо қареҳаи достонсароӣ надоштаанд ва аз ин ҷо дар ин қолаб ҳаргиз шоҳкорие назири он чӣ дар адаби тоҷикӣ- форсӣ падид омадааст, дар адабиёти араб ба вуҷуд наёмадааст.

Шоистаи зикр аст, ки аввалин осори муҳташами адабиёти тоҷикӣ- форсӣ, ки дар заминаи бозгардонии манзуми осори давраи тоисломии адабиёти тоҷикӣ сурат гирифта буд, дар ин қолаби шеърӣ ҷомаи нав ба бар намуд.

Нахустин суханварони форсу тоҷик ба хотири он ки ин навъ шеър ба завқу рӯҳи баланди мардум мувофиқ ва мутобиқ меафтод, аз қолаби шеърии  маснавӣ бештар баҳра бардошта, офаридаҳои хешро бар пояҳои мустаҳкаму озмуда месохтанд. Дар бораи аввалин маснавии тоҷикӣ-форсӣ ва гӯяндаи он дар сарчашмаҳои маҳфузмондаи таърихи адабиёт иттилооти қобили таваҷҷуҳе мавҷуд нест. Мушаххас намудани ин мавзӯъ, ба сабаби  аз байн рафтани теъдоди зиёди матнҳои аслии адабиёти асрҳои 9-10 ва сарчашмаҳои марбути адабиёти ин давр, дар ҳоли ҳозир, ғайриимкон менамояд. Вале ҳамоно гумон меравад, ки аввалин кӯшишҳои сурудани маснавии тоҷикӣ-форсӣ, муддате пеш аз Рӯдакӣ, аз ҷониби шоироне мисли Абулянбағӣ ва Масъуди Марвазӣ сурат гирифта будааст.

Бо вуҷуди ин суоли нахустин маснавии тоҷикӣ-форсӣ кадом аст ва сарояндаи он кист, то ҳанӯз бепосух мемонад. Аммо ин нукта маълум аст, ки маснавӣ аз оғози шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар адабиёти мо ҷойгоҳи шоистае дошта, ҳамон гуна ки пештар ишора шуд, чун қолаби шеърии адаби тоисломӣ дар доираи адабии Сомониён дубора неруи нав гирифт ва ба таҷаммули ҳар чӣ тамомтар рӯ ба рӯ гардид.

Падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳз дар ҳамин аҳд, ба хотири эҳёи маънавияту рӯҳи миллӣ ва  суннатҳои адабиву фарҳангии кӯҳан китоби «Калила ва Димна»-ро дар шакли шеърии маснавӣ ба назм овард. Ин қисса аслан дар забони ҳиндии қадим (санскрит) дар панҷ боб гирдоварӣ шуда, шомили достонҳои ҳакимона ва ибратомӯз аз забони мардуми қадим буд. Он дар аҳди Хусрави Анӯшервон- садаи шашуми милодӣ аз Ҳинд оварда шуда, аз ҷониби Барзуяи табиб ба забони паҳлавӣ (форсии қадим) тарҷума гардид. Дар оғози даврони фарҳанги исломӣ суханвари арабизабони эронитабор Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ин асарро аз паҳлавӣ ба арабӣ нақл намуда, онро «Калила ва Димна» ном ниҳод, ки минбаъд ин асар бо ҳамин исм шуҳрат ёфт. Дар аҳди Сомониён Абулфазли Балъамӣ- вазири донишманди Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ин қиссаро ба насри форсии дарӣ тарҷума кард ва устод Рӯдакиро дар манзум намудани он вазифадор намуд. Рӯдакӣ маҳз бо тақозову хоҳиши Балъамӣ нигини маънии ин асарро шакли маснавӣ  зевари табъ бахшид. Таърихи тадвину танзим ва тарҷумаи ин асарро дар «Шоҳнома»- и Абулқосим Фирдавсӣ, дар боби «Гуфтор андар овардани Барзуй «Калила ва Димна»-ро аз Ҳинд» ба ин зайл мехонем:

«Калила» ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,
Бад-ин сон, ки акнун ҳамебишнавӣ.
Ба тозӣ ҳамебуд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.
Гаронмоя Булфазл – дастури ӯй,
Ки андар сухан буд ганҷури ӯй,
Бифармуд, то порсии дарӣ,
Бигуфтанду кӯтоҳ шуд доварӣ.
Ва з-он пас чу пайваста рой омадаш,
Ба дониш хирад раҳнамой омадаш.
Ҳамехост, то ошкору ниҳон,
Аз ӯ ёдгоре бувад дар ҷаҳон.
Гузорандаро пеш биншонданд,
Ҳаме нома бар Рӯдакӣ хонданд.
Бипайваст гӯё парокандаро,
Бисуфт инчунин дурри огандаро.

Шоирони маснависаро дар муқаддимаву мадхали манзумаҳои худ бештар таваҷҷуҳи вижаеро бар ин аносир мабзул доштанд. Аз абёти маҳфузмондаи «Калила ва Димна» маълум мешавад, ки мақсади шоир аз назми ин маснавӣ танҳо чодари назм бахшидани қиссаи марғубу дилнишини ҳиндибунёд набуда, балки талқини ҳикмату ахлоқ ва панду андарз низ будааст. Далели боризи ин сухан чанд абёти ҳикматбору пандомези аз тӯфони ҳаводиси рӯзгор маҳфузмондаи ин маснавӣ буда  метавонанд.

Маснавии мазкурро Рӯдакӣ аз рӯи тахмини сарчашмаҳо дар сеяки аввали садаи даҳуми милодӣ (солҳои 932-937) ба назм кашидааст ва бо сурудани он санги азамате ба таҳкурсии бинои маснависароии форсӣ-тоҷикӣ гузошта, бо иттифоқи шоирони ҳамасри хеш дар такмилу ташаккули дубораи  суннатҳои маснависароӣ дар адаби мо саҳми арзанда гузоштааст. «Калила ва Димна» дар вазни рамали мусаддаси маҳзуф ё мақсур — фоилотун, фоилотун, фоилун ё фоилон манзум шуд ва ҳамчун авзони дилчаспу матбӯи маснависароӣ дар адабиёти асри Х ва қарнҳои минбаъда пазируфта шуд. Вазни «Калила ва Димна» аз ҷониби шоирони ҳамаҳди устод Рӯдакӣ, аз қабили Абӯшакури Балхӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ, Абулмасали Бухороӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Абулмуайяди Балхӣ дар маснависароӣ истиқбол гардид.

Шумораи абёти «Калила ва Димна»-ро муҳаққиқон аз 12000 то 18000 байт медонанд, ки аз ин то замони мо ҳамагӣ 150 байт боқӣ мондааст. Агар адади абёти ин достонро 12 ҳазор баршуморем, 150 байти то замони мо маҳфузмондаи он танҳо 1,25 дар сади ҳаҷми умумии достонро ташкил медиҳад ва агар шумораи абёти аслии асарро 18 ҳазор гӯем, мебинем, ки миқёси абёти боқимонда, аз ин шумора, ба маротиб коҳиш меёбад. Аммо ҳамин порчаҳои муттафарриқаи то даврони мо расида низ, аз он дарак медиҳанд, ки шоир маснавии мазкурро бо ғояти заковату фатонат ва бо камоли фасоҳату балоғат ба силки назм оварда, дар сурудани маснавӣ мақбули хосу ом гардида буд. Ин нуктаро низ бояд ёдовар шуд, ки назар ба ривояти Давлатшоҳи Самарқандӣ, Амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ Рӯдакиро «силаи назми китоби «Калила ва Димна» ҳаштод ҳазор дирам нуқра инъом фармуд».

Бино ба мушоҳидаву таъкиди муҳаққиқи борикназари тоҷик Қодири Рустам, ки девони Рӯдакиро бо ҳавошиву таълиқоти муфассале тасҳеҳ намудааст, устод Рӯдакӣ «Калила ва Димна»-ро бо даромади муқаддамотӣ, ки аз вижагиҳои умдаи маснависароии форсист шурӯъ намуда, дар оғози ин манзума «муқаддимаҳое дар сифати Худову расул ва мадҳи Наср ибни Аҳмади Сомонӣ — подшоҳи давр ва хирад низ гуфтааст». Ин муҳаққиқ бо эҳтимоли қавӣ зикр менамояд, ки абёти зерин аз қисми муқаддимавии «Калила ва Димна» буда метавонанд:

Ҳар киро Эзад-ш лахте ҳуш дод,
Рӯзгор ӯро басанда устод.
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Дарвоқеъ, мулоҳизаҳои болоии Қодири Рустам, ки бар мабнои занну тахмин гуфта шудаанд, шоистаи таҳқиқу ҷустуҷӯст. Ин ишораву мушоҳидаи муҳаққиқ моро водор намуд, ки дурустии мақулаи мазкурро дар  матну батни маснавиҳои аҳди Рӯдакӣ бозсанҷӣ намоем ва ба суоли оё маснавиҳои ин аҳд бо бахши муқаддамотӣ шурӯъ мешуданд, посух биҷӯем. Боздиду омӯзиши баъзе аз маснавиҳои ин давр, аз қабили «Офариннома»- и Абӯшакури Балхӣ ва «Пандномаи Анӯшервон»-и Бадеъи Балхӣ, ки аз онҳо порчаҳои нисбатан комил то даврони мо омада расидаанд, саҳеҳии андешаҳои болоиро собит намуданд. Дар ҳақиқат, бо ҳамду наът, мадҳу ситоиш ва гуфтор ифтитоҳ намудани маснавӣ дар ин аҳд ҷузве аз бароати оғоз ва сарахбори сухан маҳсуб мешудааст. Ин одоби сухангустарӣ дар адвори баъдӣ ба ҳайси суннати некe ва таркибу сохтори ин навъи шеър вусъати комил пайдо намуд. Шоирони маснависаро дар муқаддимаву мадхали манзумаҳои худ бештар таваҷҷуҳи вижаеро бар ин аносир мабзул доштанд. Аз абёти маҳфузмондаи «Калила ва Димна» маълум мешавад, ки мақсади шоир аз назми ин маснавӣ, танҳо чодари назм бахшидани қиссаи марғубу дилнишини ҳиндибунёд набуда, балки талқини ҳикмату ахлоқ ва панду андарз низ будааст. Далели боризи ин сухан чанд абёти ҳикматбору пандомези аз тӯфони ҳаводиси рӯзгор маҳфузмондаи ин маснавӣ буда  метавонанд:

Гар хӯрӣ, аз хӯрда бигсорад-т ранҷ,
Гар диҳӣ, мину фароз орад-ту ганҷ !

 * * *

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон!
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар!

* * *

Кор чун баста шавад, бикшоядо
В-аз паси ҳар ғам тараб афзоядо!

* * *

Он киро донам, ки ӯям душман аст,
В-аз равони пок бадхоҳи ман аст.
Ҳам ба ҳар гаҳ дӯстӣ ҷӯям-ш ман,
Ҳам сухан б-оҳистагӣ гӯям-ш ман.

* * *

Баски бар гуфта пушаймон будаам,
Баски бар ногуфта шодон будаам.

Рӯдакӣ бо назми ин достони дилангезу ҳикматрез анъанаи андарзофариниро, ки дар адабиёти паҳлавӣ хеле роиҷ буд, дубора дар аҳди Сомониён ҷон бахшид ва ба ин тартиб барои тавсеаи ин қабил ашъор ибтикоре пеш овард. Устод Садриддин Айнӣ дар мавриди ин асари Рӯдакӣ ҳаққи суханро гуфтааст, ки «ба назм овардани китобе мисли «Калила ва Димна» дар аввали шуйюъи шеъри форсӣ бар камоли қудраташ далолат менамояд».

Фузун бар ин ду маснавӣ Рӯдакӣ шаш маснавии дигаре низ навишта будааст, ки аз онҳо, мутаассифона, бидуни чанд абёти парешон, асаре бознамондааст. Номи ин маснавиҳо то ба ҳол аниқу дақиқ маълум нест.

Яке дигар аз маснавиҳои устод Рӯдакӣ «Синдбоднома» аст, ки аз он то даврони мо танҳо панҷоҳу ҳашт байт маҳфуз мондааст. Дар бораи манзум  сохтани ин асар аз ҷониби Рӯдакӣ ва шумораи абёти он дар сарчашмаҳо ним андешае ҳам ба қалам наомадааст. Дар ахирҳои садаи нуздаҳум ховаршиноси олмонӣ Паул Ҳорн миёни бархе аз абёти дорои қофияи мусаннои Рӯдакӣ ва мазмуну муҳтавои ҳикоёти «Синдбоднома»-и мансур мушобеҳат ва наздикиеро мушоҳида намуда, ҳадс задааст, ки Рӯдакӣ ин китобро ба қайди назм овардааст. Баъд аз ин дар таъйини мутобиқати абёти Рӯдакӣ бо «Синдбоднома»- и мансур муҳаққиқони зиёде талош ба харҷ додаанд, ки дар ин миён Саид Нафисӣ, Дабири Сиёқӣ, Аббос Иқбол, Ҷумъабой Азизқулов, Садрӣ Саъдиев, Усмон Каримов, Лариса Брагинская, Қодири Рустам ва дигарон теъдоде аз абёти маснавии «Синдбоднома»-и Рӯдакиро ташхис намуда, бо ин амали хеш воқеан, талофии мофот намудаанд.

«Синдбоднома» достоне андар боби шоҳзода ва ҳафт вазири оқилу фарзонаи ӯст. Ин асар низ аз хайли қиссаси ҳиндӣ буда, он бори аввал дар адвори Ашкониён аз санскрит баргардон шуда, дар замони Сосониён дубора мавриди бознигарӣ ва тарҷима ба забони паҳлавӣ қарор гирифт. Дар садаи ҳаштум «Синдбоднома» аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардон гардид.

Донишманди тоҷик Қодири Рустам дар такя бар он далоиле, ки аз абёти маҳфузмондаи «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома» ба даст овардааст, таъкид медорад, ки устод Рӯдакӣ ҳангоми таълифи ин маснавиҳо ҷиддан муқайяди матни аслӣ боқӣ намонда, барои рӯшантару муассиртар шудани тасвир тавсифу ташбеҳ ва лаҳзаҳоеро ба сужаи ин ду нома афзудааст, ки ин ҷиҳати ҷилои тозаи офаридаҳои ӯ аз назари зебоишиносӣ ва сухани бадеъ коргар омадааст.

Фузун бар ин ду маснавӣ Рӯдакӣ шаш маснавии дигаре низ навишта будааст, ки аз онҳо, мутаассифона, бидуни чанд абёти парешон, асаре бознамондааст. Номи ин маснавиҳо то ба ҳол аниқу дақиқ маълум нест. Аз абёти боқимондаи ин маснавиҳо маълум мегардад, ки онҳо дар авзони зер таълиф шудаанд:

1.Ҳазаҷи мусаддаси ахраб.

  1. Ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф (мақсур).

3.Мутақориби мусаммани маҳзуф (мақсур).

4.Сареи мусаддаси матвии макшуф.

5.Музореи мусаддаси ахраб.

6.Хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф ( мақсур).

Чун номи аслии ин манзумаҳо то ҳанӯз нопайдост, муҳаққиқон бештар онҳоро бо ҳамон вазни корбурдашон «Маснавии баҳри ҳазаҷ», «Маснавии баҳри мутақориб», «Маснавии баҳри сареъ», «Маснавии баҳри музореъ», «Маснавии баҳри хафиф» ном мебаранд.

«Маснавии баҳри мутақориб» бо эҳтимоли қавӣ аз ҷумлаи манзумаи ҳамосии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад, зеро аксари абёти бозмонда аз ин маснавӣ ҳовии мазомини ҳамосӣ буда, дар онҳо рӯҳу равони қаҳрамонӣ, тасвирҳои ҷангу набард, талоши ҳимоя аз душман, наҳзати ватанпарастӣ ва ғайра мастуранд. Илова бар ин, бархе аз хасоиси лафзиву ҳунарии ин абёт, эҳтимоли маснавии ҳамосӣ будани ин манзумаро тақвият медиҳанд:

«Маснавии баҳри мутақориб» бо эҳтимоли қавӣ аз ҷумлаи манзумаи ҳамосии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад, зеро аксари абёти бозмонда аз ин маснавӣ ҳовии мазомини ҳамосӣ буда, дар онҳо рӯҳу равони қаҳрамонӣ, тасвирҳои ҷангу набард, талоши ҳимоя аз душман, наҳзати ватанпарастӣ ва ғайра мастуранд. Илова бар ин, бархе аз хасоиси лафзиву ҳунарии ин абёт, эҳтимоли маснавии ҳамосӣ будани ин манзумаро тақвият медиҳанд:

Зи қалб ончунон сӯи душман битохт,
Ки аз ҳайбаташ шери нар об тохт!

Сиголида дар ҷанг монанди ғӯч,
Табар бурда бар сар чу тоҷи хурӯч.

Яке зарби гӯпол вақти набард,
Дарорад сари ҳамнабардон ба гард.

Расиданд зӣ шаҳри Чандон фароз,
Сипаҳ хайма зад дар нишебу фароз.

Ҳарчанд ки ном ва нусхаи комили маснавии дар боло зикршуда то адвори мо маҳфуз намондааст, вале аз ҳамин пораҳои чудогонаи боқимонда низ ба сароҳат мебинем, ки дар сабку шеваи сухан байни абёти ин маснавӣ ва «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ як навъ қаробату шабоҳати чашмрасе мавҷуд аст.

Рӯдакӣ:

В-агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрӯдро Мовароуннаҳр дон.

Фирдавсӣ:

Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла дон.

Ҳамон гунае, ки аз абёти боқимондаи маснавиҳои дар ваннҳои  гуногун гуфтаи Рӯдакӣ дида мешавад, дар онҳо мазомини ошиқона, қаҳрамонӣ ва панду ҳикмат риоя шудаанд. Аз ин абёти андак пай бурдан душвор нест, ки ғайр аз достони «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома» Рӯдакӣ достонҳои ишқиву маснавиҳои алоҳидаи пандомезу ҳикамиро низ ба силки назм кашида будааст, вале, боиси дареғ аст, ки ҳеч яке аз онҳо аз сели хонумонкани ҳаводис эмин намонда, то рӯзгори мо побарҷой намондаанд.

Гумон меравад, ки теъдоди маснавиҳои Рӯдакӣ, аз он чӣ зикр шуд, зиёд аст, зеро бархе аз аҳли таҳқиқ, иншои маснавиҳоеро, аз қабили «Тавоиф-ул-латоиф», «Ардавирафнома» ва «Ароис-ун-нафоис» ҳосили қалами Рӯдакӣ донистаанд. Шояд ин унвонҳо ба яке аз маснавиҳои беноми дар боло зикршуда ва ё манзумаҳои дигари гумном, ки бар асари пойкӯби ҳаводис аз саҳифаи кутуби таърих ва ҳошияи рӯзгор канда шуда, маҳв гардидаанд, мутааллиқ бошанд.

Аз маҷмӯи он чӣ зикр гардид, дар поёни ин навиштор метавон чунин натиҷагирӣ намуд:

— Қолаби шеърии маснавӣ дар оғози адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба пайравӣ аз анъанаву суннатҳои адаби тоисломии мо муҷаддадан кисвати нав дарёфт.

— Ҳарчанд муддате то замони Рӯдакӣ шоироне, ба монанди Абулянбағии Марвазӣ ва Масъуди Марвазӣ дар ин навъи шеър осоре таълиф карда бошанд ҳам, вале марҳилаи такмилу ташаккули комил ва суботу устувории маснавӣ бо номи Рӯдакӣ иртиботи қавӣ дорад.

— Рӯдакӣ, бидуни тардид, ҳамчунон ки дар бисёре аз қаволиби шеър раҳнамои гӯяндагони қадим буд, дар фанни маснависароӣ низ пешвои суханварони аҳди хеш ба ҳисоб меравад.

— Устод Рӯдакӣ бо таълифи як силсила маснавиҳои хеш муқаддимаи кори маснависароиро дар адаби форсу тоҷик ба мизони бисёр олӣ фароҳам овардааст.

— Маснавиҳои Рӯдакӣ муҳимтарин хасоиси ин навъи шеърро фаро гирифта, василаи муассире барои пешрафти фанни маснависароӣ гардидаанд.

 Шарифҷон ТОҶИБОЕВ,
номзади илмҳои филология,
дотсенти кафедраи адабиёти
классикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

Сентябрь 22, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад