Дар маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» фарҳангу ҳунари Тоҷикистон муаррифӣ шудааст

Ноябрь 26, 2025 15:37

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи дуюми маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» адабиёти муосири Тоҷикистон ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии минтақа баррасӣ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ доданд.

Моҳномаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» ба Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECI) тааллуқ дошта, бо забони форсӣ дар 88 саҳифа ба нашр мерасад. Инчунин он дар шакли PDF ва китобча барои ҳама дӯстдорони фарҳанг ва муҳаққиқон дастрас мегардад.

Дар ин шумора мақолаҳо бахшида ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон, аз ҷумла «Қофиласолори адабиёти Тоҷикистон» (зиндагӣ ва осори устод Садриддин Айнӣ), «Парчамдори шеъри Тоҷикистон» (устод Мирзо Турсунзода), «Пешгоми насрнависони тоҷик» (устод Сотим Улуғзода), зиндагӣ ва осори Қамбархон ва Муаззамхони  Хуҷандӣ, Устод Мирсаид Миршакар ва Гулчеҳра Сулаймонӣ нашр шудаанд.

Ҳамчунин дар ин шумора Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардидаанд.

Нашри шумораи дуюми «Эконома» дар таҳкими равобити фарҳангӣ байни давлатҳо қадами муҳим мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

Ноябрь 26, 2025 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид