Ба зиёда аз 28 ҳазор хонаводаи шаҳри Бохтар китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар тақдими китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ медиҳад.
Тибқи нақшаи пешбинишуда, китоб барои 28 ҳазору 167 хонавода бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ба оилаҳои ноҳия тақдим карда мешавад.
Ин иқдоми наҷибу камназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадафи он, ба таъкиди Сарвари давлат, «пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад».
Китоб дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 миллиону 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Мардуми мамлакат аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипос намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандӯстии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.
Иқдоми фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба ҳар хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳию хештаншиносии ҳар сокини мамлакат хизмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






