4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи мерос дастгирӣ ёфт

Ноябрь 26, 2025 11:36

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар аввали моҳи ноябри соли 2025 Шурои таъсискунандаи Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи мерос (ALIPH) 4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва 4 лоиҳаи минтақавӣ оид ба ҳифзи мерос дар Осиёи Марказиро ба маблағи умумии 465,000 доллари ИМА тасдиқ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария   хабар доданд, Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи мерос ҳамчун ташкилоти байналмилалӣ соли 2017 баҳри ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ ташкил шудааст.   Ҳадафу вазифаҳои фонди мазкур тамоми минтақаҳои дунёро дар бар мегирад, аз ҷумла дар самти ҳифзи пешгирикунанда барои маҳдуд кардани хатарҳои нобудшавӣ, таъмини амнияти мерос, барқарорсозии мероси фарҳангӣ дар минтақаҳои осебпазир ба тағийрёбии иқлим.

Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи мерос давоми шаш сол, тақрибан 550 лоиҳаро дар зиёда аз 54 кишвари ҷаҳон ба маблағи 116 миллион доллари ИМА дастгирӣ намуда, ба яке аз фаъолони пешбарандаи ҳифзи мероси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Ноябрь 26, 2025 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд