Тоҷикистон 1 сентябр ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузашт
ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузашт. Дар маросими оғози расмии ҷорисозии низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, роҳбарият ва масъулини мақомоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ба фаъолият оғоз намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба аҳли толор табрик гуфта, онро қадами муассир дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Муовини аввали Сарвазир зикр кард, ки ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягона, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти марбутаи мамлакат, аз ҷумла Хадамоти гумрук ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, гузаришро аз шакли коғазӣ ба шакли электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд.
Зикр шуд, ки аз соли 2013 дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ», ки маблағгузораш Бонки Осиёгии Рушд аст, таҳлили қонунгузории соҳавӣ, механизм ва расмиёти маъмурии дохилиидоравии Агентии «Тоҷикстандарт», Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар мақомоти ваколатдор оид ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин талаботи техникӣ ҷиҳати таҳияи низом аз ҷониби ширкати машваратии байналмилалии «Кроун Эҷентс»-и Британияи Кабир ба анҷом расонида шуд.
Дар ин замина шакли ниҳоии низом бо маҷмӯи амалҳое, ки мақомоти ваколатдор бояд барои қабули дархост аз иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мубодилаи иттилоот ва пешниҳоди хуҷҷати иҷозатдиҳию сертификат анҷом диҳанд, аз тарафи ширкати барномасози «АйЮНетворкс»-и Арманистон омода гардида, давраи пилотии ҷорисозии он моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида буд.
Гуфта шуд, ки чунин низом дар минтақаи Осиёи марказӣ нахустин таҷрибаи гузариш ба усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна маҳсуб ёфта, дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятиро танзим менамояд. Бо истифода аз низом соҳибкор метавонад аз нуқтаи гунонуни ҷаҳон дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ тақозо мешаванд, ирсол намояд ва барнома ба таври автоматӣ вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба мақомоти алоқаманд дастрас месозад.
Ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раванди амалигардонии консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, сода ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ, инчунин беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Барои таъмини кори устувори низом эҳтиёҷоти вазорату идораҳои шомилшуда ва КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук дар доираи Лоиҳаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ бо техника ва лавозимот таъмин гардида, ширкати барномасоз бо дастгирии КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук 500 корманди ширкатҳои брокерӣ ва мутахассисони мақомоти шомилшударо омӯзонид. Ҳамчунин бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари низом бо пешниҳоди Хадамоти гумрук ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул шуд.
Дар маросими ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягона ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завкӣ Завқизода, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода, намояндаи БОР ва ширкати барномасози «АйЮНетворкс» доир ба муҳимияти гузариш ба низоми мазкур сухан карданд.
Зикр шуд, ки ҷорӣ намудани низоми мазкур пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Хадамоти алоқа, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Палатаи савдо ва саноат, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври электронӣ сурат мегирад. Мутобиқи банди 3-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» КВД «Маркази Равзанаи ягона» вазифадор шудааст, ки дастрасии истифодабарандагонро ба низом таъмин намояд.
Роҳандозии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, содагардонии расмиёти савдо ва рушди тиҷорати байналмилалию дохилӣ, беҳсозии фазои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, сарфаи вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ нақши муҳим мебозад.
Марзия САИД,
АМИТ «Ховар»