«Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон дар Суғд озмуни вилоятӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи касабаҳои миллӣ дар байни ҳунармандони Суғд озмунҳои вилоятӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ, савғотии беҳтарин ба сайёҳон ва мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» гузаронида мешаванд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории озмунҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва намудҳои гуногуни он дар вилоят, муаррифии миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён ва татбиқи босамари «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар вилояти Суғд мебошад.
Озмун аз рӯи мақолаи беҳтарин байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят гузаронида шуда, қабули мавод то 23 октябри соли равон дар назар аст.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






