Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳамкории гумрукӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои мусоидат ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати интиқоли бемамониати молу воситаҳои нақлиёти кишварҳои сеюм тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, аз қабили дидбонгоҳи гумрукии «Саразм» (Тоҷикистон) ва дидбонгоҳи гумрукии «Ҷартеппа» (Ӯзбекистон) саъй менамоянд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар радифи дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкории гумрукӣ бозбинӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи таҳия ва ба имзо расонидани «Тағйиру иловаҳо ба шартҳои техникии ҳамкории иттилоотӣ» вобаста ба мубодилаи маълумот дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дуҷонибаи амалкунандаи ҷонибҳо баррасӣ шуд.
Дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар радифи дигар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду давлат Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Асамов иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 29 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақшаҳои мушаххас пешниҳод шуданд. Кори ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо мулоқоти ҳайатҳои ҳарду ҷониб дар доираи маҳдуд оғоз гардид. Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар панҷгонаи шарикони хориҷии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувор дошта, гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.
Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми гардиши савдо бо Ӯзбекистон зиёда аз 217 миллион долларро ташкил медиҳад.
Гардиши савдо бо Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 7 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ҳашт моҳи соли равон содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 164,6 миллион долларро ташкил намудааст.
Ба даст омадани натиҷаи неки ҳамгироӣ миёни ин ду давлати дӯст исботи сиёсати муваффақонаву дурбинонаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон буда, ба хотири тақвият бахшидани ҳамкории стратегӣ амалисозии тадбирҳои нишонрас ҷараён дорад.
Ҷонибҳо аснои баргузории ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ўзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳангро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.








Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад






