Ҳукумати Тоҷикистон амали нангини террористии бар зидди муовини аввали Раисҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ содиршударо шадидан маҳкум намуд

Сентябрь 10, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нангини террористиро, ки субҳи 9 сентябри 2020 дар Кобул бар зидди муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифта, дар натиҷаи он шуморе аз мардум ҷон бохтанд ва захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон интишор шудааст.

Ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон ба пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамеша дар паҳлӯи Афғонистон буда, хоҳони барқарорсозии сулҳу оромии пойдор дар кишвари ҳамҷавор аст.

Тавре имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «1TV» иттилоъ дод, субҳи 9 сентябр дар шаҳри Кобул бар ҷони муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сӯиқасд ташкил гардид. Бар асари ин амали террористӣ  на кам аз 10 нафар кушта ва 15 нафари дигар, аз ҷумла се нафар муҳофизони Амруллоҳ Солеҳ захмӣ гардиданд. Худи ӯ зарар надидааст.

Сентябрь 10, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд