Маҳмадшариф Ҳақдод дар ҷаласаи навбатии Шӯрои доимии ИДМ ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод таҳти раёсати Ӯзбекистон доир гардид. Дар ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев (бо истифода аз конфронси видеоӣ), муовинони ӯ ва кормандони Кумитаи иҷроия ширкат варзиданд.
Намояндагони доимии кишварҳои Иттиҳод ҷараёни омодагиҳоро ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки мутаносибан 15-16 октябр дар шакли видеоконфронс баргузор мешаванд, инчунин масъалаи тартиби имзои шартномаҳои байналмилалӣ дар ин нишастҳо, ки бо ташаббуси Намояндагии доимии Россия ба рӯзнома шомил шудааст, баррасӣ намуданд.
Намояндагони доимӣ иттилоотро дар бораи саҳми амалии ташкилоти пойгоҳии дар доираи ИДМ таъсисёфта, инчунин шӯроҳои дар назди онҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар Иттиҳод ташкилшуда муҳокима карданд. Ба мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ тавсия дода шуд, ки ҳамкориро бо ташкилоти пойгоҳӣ ва шӯроҳои дар назди онҳо таъсисёфта тақвият диҳанд ва дар маҷлисҳои худ мунтазам дар бораи кори онҳо ҳисоботро шунаванд. Пешниҳод шуд, ки маълумот оид ба ин масъала дар сайти Кумитаи иҷроияи ИДМ интишор карда шавад.
Дар мулоқот инчунин ҷараёни татбиқи муқаррароти Созишнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 муҳокима шуд. Зарурати идомаи кори минбаъда ҷиҳати рафъи монеаҳои тиҷоратӣ байни тарафҳои Шартнома зикр карда шуд ва он бояд яке аз шартҳои муҳимтарини рушди иқтисодӣ ва рушди савдои тарафайн гардад. Бо мақсади либерализатсияи минбаъдаи шартҳои тиҷорати мутақобила тасмим гирифта шуд, ки мониторинги ҷараёни иҷрои муқаррароти Шартнома ва кори таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи савдои озоди хидматрасонҳо идома дода шавад.
Илова бар ин, аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ масоили пешбарии номзадҳоро аз кишварҳои ИДМ ба мансабҳои Котиби генералӣ ва роҳбарони институтҳои САҲА ва корҳоеро, ки дар доираи татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум дар самти таъмиқи ҳамкорӣ байни Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиёӣ аз 27 ноябри соли 2018 сурат мегирад, муҳокима карданд.
Инчунин дар ҷаласа номзадҳои роҳбарони намояндагиҳои нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябр ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова 1 ноябри соли 2020 мувофиқа шуданд. Намояндагиро дар Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроия Сергей Лебедев ва дар Молдова муовини якуми ӯ Виктор Гуминский роҳбарӣ хоҳанд кард.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод 27 октябр ба нақша гирифта шудааст.
АКС хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ









Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






