12 шоҳмотбози шаҳри Бохтар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Октябрь 24, 2020 09:34

ДУШАНБЕ, 24.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур дар доираи сиёсати варзишии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар он 150 нафар ҳаводорону варзишгарони риштаи шоҳмот қувваозмоӣ намуданд.

Тибқи иттилои мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Алишер Гулов дар ин чорабинии варзишӣ 14 дастаи шоҳмотбозони минтақаи Бохтар, духтарон аз 8 то 14-сола, писарон аз 15 то 30-сола, мардон ва бонувон аз 30 сола боло барои ба даст овардани ғолибият миёни ҳам рақобат карданд.

Бо натиҷагирӣ аз ҷараёни мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозон муайян гардида, бо медалу дипломҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон 12 нафар шоҳмотбоз барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии мусобиқа роҳхат гирифтанд.

АКС аз «ТВ Варзиш»

Октябрь 24, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд