ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ёвон бо дарозии 64 метр ва иқтидори 80 тонна пули дорои аҳамияти стратегӣ ба истифода дода мешавад

Октябрь 8, 2020 08:11

ЁВОН, 08.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар ноҳияи Ёвон пули дорои аҳамияти стратегӣ бо дарозии 64 метр, паҳноии 19 метр ва иқтидори борбардории 80 тонна баробари мумфарш гардидани болои он ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонии пули  мазкур имрӯз дар ҳаҷми беш аз 90 дарсад бо сифати баланд иҷро гардида, бетонпӯш намудани қабати болоии он идома дорад. Хароҷоти иншооти мазкур бо дарназардошти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёда аз 23 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он аз ҷониби фармоишгар- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси диёр пардохт гардида истодааст.

Тавре  масъулини шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, иншооти мазкур ба шарафи ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода бо  ҷараёни барқарорсозии пули калонҳаҷми назди бозори марказии шаҳраки Ёвон, ки кӯчаҳои Р.Раҷабов ва Ҷомиро бо ҳам мепайвандад, шинос шуд. Маълумот дода шуд, ки ин пули азим соли 1989 бунёд гардида, дар натиҷаи омадани сели шадид баҳори соли 2013 пурра аз байн рафт.

Бо барқарор шудани ин пули азим як гӯшаи маркази ноҳия Ёвон ободу зебо хоҳад гашт. Паймонкори иншоот ҶДММ «Наврӯз» бо роҳбарии  меъмори шинохта Азиз Усмонов корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба сомон расонида истодаанд.

Октябрь 8, 2020 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд