ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ёвон бо дарозии 64 метр ва иқтидори 80 тонна пули дорои аҳамияти стратегӣ ба истифода дода мешавад
ЁВОН, 08.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар ноҳияи Ёвон пули дорои аҳамияти стратегӣ бо дарозии 64 метр, паҳноии 19 метр ва иқтидори борбардории 80 тонна баробари мумфарш гардидани болои он ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонии пули мазкур имрӯз дар ҳаҷми беш аз 90 дарсад бо сифати баланд иҷро гардида, бетонпӯш намудани қабати болоии он идома дорад. Хароҷоти иншооти мазкур бо дарназардошти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёда аз 23 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он аз ҷониби фармоишгар- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси диёр пардохт гардида истодааст.
Тавре масъулини шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, иншооти мазкур ба шарафи ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода бо ҷараёни барқарорсозии пули калонҳаҷми назди бозори марказии шаҳраки Ёвон, ки кӯчаҳои Р.Раҷабов ва Ҷомиро бо ҳам мепайвандад, шинос шуд. Маълумот дода шуд, ки ин пули азим соли 1989 бунёд гардида, дар натиҷаи омадани сели шадид баҳори соли 2013 пурра аз байн рафт.
Бо барқарор шудани ин пули азим як гӯшаи маркази ноҳия Ёвон ободу зебо хоҳад гашт. Паймонкори иншоот ҶДММ «Наврӯз» бо роҳбарии меъмори шинохта Азиз Усмонов корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба сомон расонида истодаанд.








Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад






