Абдулло Раҳмонзода раиси Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ дар соли 2021 интихоб гардид

Октябрь 17, 2020 09:41

ДУШАНБЕ, 17.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори ҷаласаи ХХVII Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 16 октябри соли 2020 бо иштироки аъзои Шӯро ба таври фосилавӣ баргузор гардид, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода раиси Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 интихоб гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Қарори якдилонаро намояндагони мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Молдова, Федератсияи Россия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ дар заминаи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти назарраси Тоҷикистон дар доираи Шӯрои ИДМ қабул намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур 10 масъалаи дигари ҳамкории мақомоти соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар асоси Созишномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон 25 ноябри соли 2005 таъсис ёфтааст.

Октябрь 17, 2020 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд