Баъди ба эътидол омадани вазъияти вобаста ба COVID-19 дар Тоҷикистон доир намудани намоишгоҳи молҳои Туркия ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ба эътидол омадани вазъияти вобаста ба COVID-19 баргузор намудани намоишгоҳи молҳои туркӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ин масъаларо 2 октябр раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалӣ дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбир дар Душанбе баррасӣ намуданд.
Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр кард, ки ПСС Тоҷикистон омода аст дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани ин намоишгоҳ мусоидат намояд.
Дар ҷараёни мулоқот мубодилаи афкор оид ба татбиқи лоиҳаҳои оянда сурат гирифт ва масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






