Барномаи «Бозтоб»-и Радиои “Ховар” ба Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо бахшида шудааст

Октябрь 13, 2020 14:22

ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 74 сол муқаддам, аниқтараш 14 октябри соли 1946 дар Лондон конфронси ташкилоти миллӣ оид ба стандартонӣ баргузор гардид, ки дар кори он аз 25 кишвари ҷаҳон 65 нафар вакил, аз ҷумла аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат намуданд. Дар ҷараёни конфронс иштирокдорони он дар бораи таъсис додани Созмони байналмилалӣ оид ба стандартонӣ (International Organization for Standardization (ISO) қарори дахлдор қабул намуданд. Соли 1970 Президенти ISO Фарук Сунтер (Туркия) таклиф пешниҳод намуд, ки ҳар сол 14 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо (World Standards Day) таҷлил карда шавад, то муҳим будани стандартонӣ барои иқтисоди ҷаҳон баён гардад. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон 14 октябр Рӯзи стандартҳо таҷлил карда мешавад. Ин санаи байналмилалӣ одамонро барои ҷалби таваҷҷуҳ ба муҳимияти таҳияи стандартҳои ягона ва ба назар гирифтани саҳми даҳҳо ҳазор мутахассисон, ки ҳаёт ва таҷрибаи тахассусии худро ба ин кори басо муҳим ва масъул бахшидаанд, даъват мекунад.

Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мебошад, ки ба саломатии инсон хатарнок ба ҳисоб меравад. Дар ин самт Агентии “Тоҷикстандарт” дар 9 моҳи имсол чӣ корҳоро ба анҷом расонид? Соҳибкорони ватанӣ чӣ гуна маҳсулот ба бозор пешниҳод менамоянд? Таъмини амнияти озуқавории бехатар ва ба стандарт ҷавобгӯ аз ҷониби ниҳодҳои марбута то куҷо ба роҳ монда шудааст?

Посухи ин ҳама саволҳо ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи мазкур  дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» 14.10.2020, соати 09:30 (асл),  17:30 ва 21:30 (такроран) аз Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави НАВРӮЗ мавриди баррасиву таҳлили ниҳодҳои дахлдор ва коршиносони соҳа қарор мегирад.

«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2020 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар»: Дар Тоҷикистон то пирӯзӣ ба бемории COVID-19 як қадами дигар мондааст
Барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар: Чаро то ҳол дар самти истифодаи неруи барқ масъулият ҳис накардаем?
Барномаи «Ҷаҳони андеша»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии иттилоот барои рушд бахшида мешавад
Бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ — гӯшт ва тухми мурғ то кадом андоза таъмин аст? Барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» ин мавзӯъро шарҳ медиҳанд
Баррасии татбиқи сиёсати экологӣ дар барномаи таҳлилии «Сарват» аз Радиои «Ховар»
Чӣ гуна истеъдодҳо бояд дар «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» кашф шаванд? Андешаҳои Рустам Ваҳҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон» аз Радиои «Ховар»
ТӮЙИ ДОМОДИВУ АРӮСӢ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ. Барномаи «Бозтоб»-и Радиои «Ховар» ин масъаларо баррасӣ мекунад
«ҶАҲОНИ АНДЕША». Дар ин барнома суҳбатро оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бишнавед!
«Об — ҷузъи муҳими организми инсон». Чанд тавсияи муфид доир ба истеъмоли дурусти он дар барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар»
Андешаҳои профессор Зайналобиддин Кобулиев вобаста ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об дар барномаи таҳлилии «Сарват» аз Радиои «Ховар»
«CУЛҲУ ВАҲДАТ — МАВЗӮЪҲОИ ҶОВИДОНАИ АДАБИЁТ». Андешаҳои шоира Шаҳрия дар барномаи «Адиб ва замон»-и Радиои «Ховар»
Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир бахшида мешавад