Бо волонтёрони участкаҳои ҳавзаи №3-и ноҳияи Шоҳмансур мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо волонтёроне, ки дар участкаҳои ҳавзаи №3-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 11 октябри соли 2020 хизмат мерасонанд, доир гардид.
Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми татбиқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади дар сатҳи баланд доир гардидани интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар участкаи интихоботӣ дар мамлакат волонтёрон омода намудааст, ки дар раванди интихоботи навбатии президентӣ хизмати иҷтимоии ройгон мерасонанд.
Фаъолияти волонтёрон дар участкаҳои интихоботӣ бо мақсади хизматрасонии ройгон ба интихобкунандагон ба роҳ монда шуда, дар ин замина волонтёрон дар раванди интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба ва маҳорати худро дар ин самт такмил медиҳанд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои хизмат расонидан дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар волонтёрон омода намудааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






