COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10414 нафар расид

ДУШАНБЕ, 16.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 16 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10414 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 9393 ё худ 90,2%-и гирифторон шифо ёфта, 80 нафар вафот кардаанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.