Дар ҳавзаи интихоботии №60-и ноҳияи Муъминобод беш аз 31 ҳазор нафар раъй додаанд, ки 66 фоизро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи интихоботии №60-и ноҳияи Муъминобод 40 участкаи интихоботӣ мавҷуд буда, 47 ҳазору 865 нафар овоздиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин бора раиси ҳавзаи интихоботии ноҳияи Муъминобод,№60 Раҷабалӣ Табарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Раиси ҳавзаи интихоботии №60 зикр намуд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст. Аз шумораи овоздиҳандагон 936 нафар бори аввал дар ин маърака иштирок дошта, 317 нафар дорои имконияти маҳдуд мебошанд.
То ин дам 31 ҳазору 591 нафар овоздиҳандагон ба тарафдори номзади арзандаи худ раъй додаанд, ки 66%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳавзаи мазкур барои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити мусоиди овоздиҳӣ, аз ҷумла, дастурамалҳо, қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ, ҳуҷраҳои махсус барои модару кӯдак, ҳуҷра барои табибон мавҷуд буда, ба манзили нафароне, ки бемору барҷомонда буда, имкони дар интихобот иштирок кардан надоранд, қуттиҳои сайёр фиристода мешаванд.
Раҷабалӣ Табарзода зикр кард, ки бо назардошти риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемикӣ дар шароити пандемия тамоми участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Муъминобод,№60 бо маводи антисептикӣ, ниқоб, либосҳои муҳофизатӣ, дастгоҳҳои тиббии ҳароратсанҷ- тепловизорҳо таъмин гардидаанд.
ДАР АКС: иштироки фаъоли шаҳрвандон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз АМИТ «Ховар»