Дар Бохтар мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот баргузор гардиданд

Октябрь 30, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Бохтар барномаи муштараки фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ зери унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ-2020» дар  сатҳи баланд  баргузор  гардид. Дар ин бора  аз   Вазорати корҳои дохилӣ ба   мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Қабл аз оғози маросим  даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот байни ҷавонони шаҳри Бохтар, ки тайи ҳафтаи охир идома доштанд, ҷамъбаст гардиданд.

Дар мусобиқаи футболи хурд 19 дастаи муассисаҳои варзишӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷ ва техникумҳои шаҳри Бохтар ширкат варзиданд. Дар даври ниҳоии бозиҳо дастаҳои МТМУ №3 ва Коллеҷи тиббӣ байни ҳам рақобат намуда, бозингарони МТМУ № 3 бо ҷидду ҷаҳд тавонистанд ҳарифи худро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохта, ғолиби мусобиқа гарданд.

Ҳамин тавр, ҷойи аввалро МТМУ № 3, ҷойи дуюмро Коллеҷи тиббӣ ва мақоми сеюмро Литсейи №1 ишғол намуданд. Дар мусобиқаҳои тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот 10-дастаӣ бо теъдоди 5-нафарӣ қувваозмоӣ намуда, ғолибони он муайян гардиданд.

 

Октябрь 30, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд