Дар Душанбе се мусобиқа оид ба таэквондои ҷаҳонӣ (WT) баргузор мешавад

Октябрь 22, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз  24 то 26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе се мусобиқа оид ба таэквондои ҷаҳонӣ (WT) баргузор мешавад. Давоми се рӯз дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо ВТФ байни ҷавонони соли таваллудашон 2003-2005; Мусобиқаи кушоди Федератсияи таэквондо ВТФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо ВТФ байни наврасони соли таваллудашон 2009-2013 бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Дар ин бора раиси Федератсияи таэквондо (ВТФ)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб  Қармишев  ба  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар дод.

Мусобиқа миёни ҷавонон аз рӯи се равия – керуги, пумсэ, даставӣ, мусобиқа миёни наврасон аз рӯи ду равия – керуги, пумсэ ва Мусобиқаи кушоди федератсия аз рӯи равияи керугӣ доир мегарданд.

Мақсад аз баргузор кардани мусобиқаҳо муайян кардани беҳтарин варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, хусусан намуди олимпии таэквондо мебошад.

Октябрь 22, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд