Дар шаҳри Хоруғ Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол байни донишҷӯён оғоз гардид

Октябрь 29, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни 13 дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мусобиқаи волейбол оғоз гардид.  Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур бо ширкати ҳафт дастаи ҷавонписарону шаш дастаи донишҷӯдухтарон то 5 ноябр идома ёфта, ғолибонро Ҷоми ректор ва медалу ифтихорномаҳои донишгоҳ интизор аст.

Ҳадафи асосии мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба машғулияти мунтазами тарбияи ҷисмонӣ, рушди варзиши касбӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои болозикр ва амалигардонии «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021» мебошад.

 

Октябрь 29, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд