Дар Суғд 7 толори варзишӣ ва 25 майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд

Октябрь 26, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз оғози сол то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон 7 толори варзишӣ, 25 майдончаи варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ  бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихӣ бунёд ва таъмиру тармими даҳҳо иншооти варзишӣ низ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа мусоидат мекунанд.

Ҳоло дар ҳудуди  вилояти Суғд  2668 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1842 майдончаи варзишӣ, 565 толори варзишӣ, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд, ки шаҳрвандон аз иншооти мазкур самаранок истифода мебаранд.

Октябрь 26, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд