Дар участкаҳои интихоботии ҳавзаи Исфара, №27 барои шаффоф ва ошкоро баргузор шудани интихобот шароити зарурӣ муҳайёст
ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз субҳи барвақт дар ҳамаи участкаҳои интихоботии шаҳру деҳоти Исфара маъракаи овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 6-и субҳ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов хабар дод, дар ҳавзаи интихоботии Исфара, №27 83 участкаи интихоботӣ ташкил ва дар ҳудуди онҳо 162 ҳазору 105 нафар интихобкунандагон ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки 4003 нафари онҳо бори аввал овоз медиҳанд.
«Интихобот яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсист, ки ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳафт соли ояндаи мамлакатро муайян мекунад. Аз ин рӯ чӣ дар маркази шаҳр ва чӣ дар деҳаву шаҳракҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир мешавад. Мардум ба хубӣ дарк мекунанд, ки интихобот яке аз воситаҳои ширкати ҳар шаҳрванд дар идоракунии давлат буда, онҳо бояд аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ ҳатман истифода кунанд», — гуфт номбурда.
Дар ҳама участкаҳои интихоботии ҳавзаи Исфара,№27 барои ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкоро баргузор шудани интихобот шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои беҳдоштӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар маъракаи интихоботии имсола сокинони шаҳру деҳоти Исфара фаъолнокии хуб нишон медиҳанд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки аз натиҷаи ин интихобот таҳкими минбаъдаи пояҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сатҳу сифати рӯзгори минбаъдаи шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Зеро интихобот далели ҷомеаи демократӣ будани Тоҷикистон буда, давлат ва миллате, ки ҳокимияташро халқ интихоб мекунад, побарҷост.