Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бори аввал чемпиони Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии чоруми финали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, соҳиби медалҳои тилло гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Пас аз чор бозӣ ҳисоби силасилаи бозиҳо 3:1 ба фоидаи дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд шуд. Ғалабаи дастаи «Сипар» дар бозии чорум тавассути зарбаҳои нишонраси Илёс Чотбоев, Дилшод Саломов ва Парвиз Раҳматов таъмин гардид.
Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар таърихи мавҷудияти клуб аввалин маротиба ба унвони чемпионӣ расид. Қаблан чанд маротиба соҳиби медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шудааст. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, ки солҳои 2018 ва 2019 чемпиони Тоҷикистон шуда буд, имсол ҷойи дуюмро ишғол кард. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе шуд, ки дар се бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи футзали «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро мағлуб намуд.
Ин ҳафтум мавсими Лигаи касбии футзали Тоҷикистон буд. Қаблан ду дастаи Душанбе – «ДИСИ Инвест» чор маротиба (2014, 2015, 2016, 2017) ва дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ду маротиба солҳои (2018, 2019) ғолиб гардида буданд.
Ин нахустин чемпионии дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар тӯли таърихаш ба шумор меравад.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020
Финал. Бозии чорум
Соро компания» – «Сипар» – 1:3
Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 5 (1:0). Иляс Чотбаев, 28 (1:1). Дилшод Саломов, 42 (1:2). Парвиз Раҳматов, 46 (1:3).
Беҳтарин бозингари бозӣ: Иляс Чотбаев («Сипар»).
Ҳисоби умумӣ – 1:3.








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






