Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона баргузор мекунад

Октябрь 14, 2020 09:18

ДУШАНБЕ, 14.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр бо дастаҳои мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон  7  ноябр бо дастаи  мунтахаби  Баҳрайн ва 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозии рафиқона доир мекунад. Ҳарду рақобати шогирдони Усмон Тошев дар меҳмонӣ дар шаҳри Дубай сурат мегиранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои мазкур охири моҳи октябр ба тамринҳо шурӯъ мекунад. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки бинобар сабаби бемории Ковид-19 бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар минтақаи Осиё ба соли оянда гузаронида шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли оянда бо дастаҳои  мунтахаби Япония, Муғулистон ва Мянма рақобат мекунад.

Бозиҳои дӯстона

7 ноябр (шанбе)

Баҳрайн – Тоҷикистон

Дубай, АМА

12 ноябр (панҷшанбе)

Аморати Муттаҳидаи Араб – Тоҷикистон

Дубай, АМА

Хотиррасон  мешавем, ки  моҳи  сентябри соли равон дастаи футболи мунтахаби  Тоҷикистон дар нахустин бозии расмии худ дар доираи бозии дӯстона дар сафар аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мағлуб шуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  дар сатҳи баланд сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 32-юми бозӣ аз ҷониби ҳамлагари мизбон Шаҳзод Убайдуллоев кушода шуда, қисми аввал бо натиҷаи 1:0 ба поён расид.

Дар оғози қисми дуюми рақобат Зоир Ҷӯрабоев баъди ба майдон баромадан ҳисобро баробар кард, аммо дар дақиқаи 62-юми дидор довари ӯзбек — Аҳрол Ризқуллоев ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон   зарбаи пеналтии баҳснок таъйин кард ва онро Мурод Холмуҳаммадов иҷро намуд. Ҳамин тариқ,  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар бозии нуҳуми хеш ба муқобили дастаи мунтахаби  Ӯзбекистон ба бохт рӯ ба рӯ гардид.

Бозии дӯстона

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Шаҳзод Убайдуллоев, 33 (1:0). Зоир Ҷурабоев, 48 (1:1). Мурод Холмуҳаммадов, 67 – аз пеналти (2:1).

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон муқобили  дастаи мунтахаби  Ӯзбекистон  чунин буд

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);

Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Октябрь 14, 2020 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад
Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд