Дастаи «Рамис-Испечак» пеш аз муҳлат Чемпиони Тоҷикистон шуд

Октябрь 7, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Рамис-Испечак»-и шаҳри Душанбе ғалабаи 7-уми пайдарҳами худро ба даст оварда, пеш аз муҳлат Чемпиони Тоҷикистон миёни дастаҳои собиқадорон гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар даври сипаришуда дастаи  собиқадорони «Рамис-Испечак»  дар майдони худ дастаи футболи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби 6 бар 5 мағлуб намуд. Дар бозиҳои дигар дастаҳои  «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар бар «Давлат-Содиқ»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 5 бар 3, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Собиқадорон»и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:0 ва «Фирдавс-40»  бар «Шери Восеъ»-и ноҳияи Восеъ бо натиҷаи 4:2 ғалаба намуданд.

Имсол бо сабаби хуруҷи бемории Ковид-19 Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадорон бо системаи даврӣ дар як давр ҷараён гирифта истодааст. Бо касби 21 имтиёз ва дастнорас будан бар рақибон дастаи «Рамис-Испечак»-и шаҳри Душанбе аллакай унвони чемпиониро соҳиб шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Байни собиқадорон . Даври 8-ум

«Собиқадорон» – «Равшан» – 0:3

«Хатлон» – «Давлат-Содиқ» – 5:3

«Рамис-Испечак» – «Хайр» – 6:5

«Фирдавс-40» – «Шери Восеъ» – 4:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 

ДАСТАҲО                                   

 Б      Ғ      М      Б      Т-Т     Х 

 

1 «Рамис-Испечак» (Душанбе) 7 7 0 0 37-15 21
2 «Хатлон» (Бохтар) 7 5 1 1 34-17 16
3 «Равшан» (Кӯлоб) 6 4 1 1 17-13 13
4 «Фирдавс-40» (Душанбе) 7 3 2 2 19-12 11
5 «Давлат-Содиқ» (Восеъ) 6 2 2 2 10-11 8
6 « Ҳосилот» (Фархор) 7 2 1 4 11-20 7
7 «Шери Восеъ» (Восеъ) 8 1 2 5 14-25 5
8 «Хайр» (Ваҳдат) 7 1 1 5 16-26 4
9 «Собиқадорон» (Душанбе) 7 1 0 6 7-26 3

 

Беҳтарин нишонзанҳо:  Баҳрулло Давлатов («Рамис-Испечак») – 9 тӯб, Шуҷоат Неъматов («Рамис-Ипечак»), Аъзам Абдуҷабборов («Хайр») 6- тӯбӣ ба нишон расониданд.

Октябрь 7, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд