Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Офтобак» дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Элоки шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2017 оғоз гардида, дар давраи сохтмон қариб 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.
Кӯдакистони хусусии “Офтобак” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Марям Юсуфова бунёд шуда, аз се ошёна иборат аст.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, дар марҳилаи аввал Кӯдакистони хусусии “Офтобак” 240 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Марҳилаи дуюми ин муассисаи таълимӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд, ки он низ барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Айни ҳол 40 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд.
Дар Муассисаи таълимии томактабии “Офтобак” кӯдакон ба 12 гурӯҳ тақсим шуда, бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълим мегиранд.
Ҳамчунин дар назди ҳар синфҳои машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
Ошхонаи муассиса барои хӯрокхӯрии 60 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои машғулият ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Саҳни ҳавлии муассиса ва утоқҳои машғулиятгузаронӣ бо гулу буттаҳои рангоранг ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки ба дунё ва табиати кӯдакон хос аст.
Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон сабаб гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистонҳои нав ба истифода дода шаванд. Маҳз фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон додааст, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёбад.
Дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ Кӯдакистони хусусии “Офтобак” аввалин муассисаи таълимӣ барои хурдсолон мебошад, ки бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти хониш ҷиҳозонида шудааст.
Акнун сокинони шаҳрак низ имкон доранд фарзандони худро дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия ҳидоят намоянд.









Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






