«КОРИ ФОСИЛАВӢ (ДИСТАНСИОНӢ)». Дар қонунгузории Тоҷикистон чунин мафҳум истифода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»-ро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони МО ҶТ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки бар асоси он ба як қатор қонунҳо тағйирот, аз ҷумла ҷорӣ намудани мафҳуми “кори фосилавӣ (дистансионӣ)»ворид карда шуданд.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба «бекорӣ», «кори мувофиқ» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ» мебошанд, дар таҳрири нав баён карда шуда, ҳамзамон ба моддаи мазкур сархати нав, яъне сархати нуҳум бо мазмуни зерин- «кори фосилавӣ (дистансионӣ)» илова карда шудааст, ки он танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳоро Кодекси меҳнати Тоҷикистон муайян мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, ин тадбир, аз ҷумла, дар пешгирии паҳншавии коронавирус муфид буда метавонад. Қаблан директори Институти кадрҳои касбии Федератсияи Россия Валентина Митрофанова имкони гузариш ба кор ва омӯзиши фосилавиро дар кишварҳои ИДМ арзёбӣ карда, дар мусоҳиба бо «Sputnik» гуфта буд, ки технологияҳо дар ин кишварҳо барои ҷорӣ кардани чунин система ба қадри кофӣ рушд кардаанд. Барои ташкили ин раванд ба ҷуз суръати хуби интернет, ки барои омӯзиши онлайнӣ зарур аст, ҳеҷ гуна маҳсулоти мураккаби барномавӣ лозим нест, чунин меҳисобад ӯ.
«Бисёр барномаҳои таълимӣ мавҷуданд. Як қатор маъхазҳои литсензионии таълимӣ мавҷуданд, ки хеле гарон ҳастанд, аммо барномаҳои таҳияшудаи хеле содае, ба монанди GetCourse, вебинарҳо ва ғайраҳо низ ҳастанд», — гуфт Валентина Митрофанова.
Албатта кори фосилавиро, ба гуфтаи коршинос, мутахассисони ҳама касбу кори гуногун наметавонанд анҷом диҳанд. Аммо Митрофанова бар ин бовар аст, ки агар корфармо ин равандро дуруст ташкил карда тавонад, пас мо метавонем таҷрибаи кори фосилавиро ба хубӣ ҷорӣ намоем.









Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






