Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»: Малоҳат Искандарова ҳамчун устои барқ шӯҳрат ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Шаҳринав Малоҳат Искандарова аз ҷумлаи он нафаронест, ки тавассути Маркази захиравии минтақавӣ ва Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соҳиби касби барқчӣ ва таъмиргари таҷҳизоти техникӣ гардидааст.
Тавре Малоҳат Искандарова дар суҳбат бо мо иброз дошт, «ман 2 сол дар шаҳри Москва муҳоҷир шуда, ба ошпазӣ машғул будам. Агар касбу ҳунар надошта бошед, корёбӣ бароятон хеле душвор мешавад, махсусан барои зане, ки дар тарбияаш ду фарзанди мактабхон дорад. Барои ман кори мардонаву занона фарқ надошт, муҳимаш пайдо кардани маблағ барои зиндагӣ буд. Вақте ба Ватан баргаштаму фаҳмидам, ки дар ноҳияи Шаҳринав Маркази захиравии минтақавӣ ба таври ройгон фаъолият мекунад, ҳуҷҷатҳоямро супорида, дар Барномаи намунавии баробарии гендерӣ ба омӯзиши касби барқчӣ шурӯъ карда, онро бо рағбату шавқи зиёд аз худ намудам».
Ҳоло Малоҳат Искандарова ҳамчун устои барқ шӯҳрат ёфтааст ва бисёриҳо барои таъмири асбоби рўзгор ба ӯ муроҷиат менамоянд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «агар Маркази захиравии ноҳия номи маро ба барномаи худ ворид намекард ва дар он касби барқчиро намеомўхтам, имрўз ба ҷойе намерасидам. Маҳз ин барнома ба ман роҳи васеъ кушод, ки худро дар ноҳия бо касби бозоргири барқчӣ муаррифӣ намоям ва соҳиби маоши дурусту зиндагии хуб гардам. Аз кормандону устоҳои таълими истеҳсолии барнома хеле миннатдорам, ки ба ман ҳам касб омўхтанд ва ҳам маро соҳиби ҷойи кор карданд».
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ гардида истодааст, ки ҳадафи асосии он тайёр намудани мутахассисони барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ мебошад. Он ҳамчунин ба мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва барқарорсозии инфрасохтори литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон, дастрасии баробар ба барномаҳои таълимӣ ва тақвияти идоракунию роҳбарӣ дар системаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст. Лоиҳа навкунии заминаи моддӣ ва таълимиро дар 29 муассисаи интихобшуда (21 литсей, 5 филиали маркази таълими калонсолон, 2 маркази касбомўзӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён) дар бар гирифта, аз рўйи 17 ихтисос стандартҳои салоҳияти касбӣ, барномаҳо, маводи таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ бо назардошти масоили гендерӣ таҳия мегардонад.
Дар доираи лоиҳа инчунин барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат таҳия ва татбиқ мешавад, ки ба баҳогузории салоҳиятнокӣ ва гузаронидани шаҳодатномакунонии хатмкунандагони литсей ва марказҳои таълими калонсолон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда, хусусан муҳоҷирони баргашта, ки малакаҳои амалиро тавассути таҷрибаи корӣ дар дохил ва ё хориҷи мамлакат аз худ намудаанд, равона гардидааст.
Ҳамзамон дар доираи барномаи намунавии баробарии гендерии лоиҳа ба духтарон омӯзонидани касбҳои ғайрианъанавӣ пешбинӣ шудааст.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






