Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»: Малоҳат Искандарова ҳамчун устои барқ шӯҳрат ёфтааст

Октябрь 13, 2020 14:23

ДУШАНБЕ, 13.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Шаҳринав  Малоҳат Искандарова аз ҷумлаи он  нафаронест, ки тавассути Маркази захиравии минтақавӣ ва Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соҳиби касби барқчӣ ва таъмиргари таҷҳизоти техникӣ гардидааст.

Тавре Малоҳат Искандарова дар суҳбат бо мо иброз дошт, «ман 2 сол дар шаҳри Москва муҳоҷир шуда, ба ошпазӣ машғул будам. Агар касбу ҳунар надошта бошед, корёбӣ бароятон хеле душвор мешавад, махсусан барои зане, ки дар тарбияаш ду фарзанди мактабхон дорад. Барои ман кори мардонаву занона фарқ надошт, муҳимаш пайдо кардани маблағ барои зиндагӣ  буд. Вақте ба Ватан баргаштаму фаҳмидам, ки дар ноҳияи Шаҳринав Маркази захиравии минтақавӣ ба таври ройгон фаъолият мекунад,  ҳуҷҷатҳоямро супорида, дар Барномаи намунавии баробарии гендерӣ ба омӯзиши касби барқчӣ шурӯъ карда, онро бо рағбату шавқи зиёд аз худ намудам».

Ҳоло Малоҳат Искандарова ҳамчун устои барқ шӯҳрат ёфтааст ва бисёриҳо барои таъмири асбоби рўзгор ба ӯ муроҷиат менамоянд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «агар Маркази захиравии ноҳия номи маро ба барномаи худ ворид намекард ва дар он касби барқчиро намеомўхтам, имрўз ба ҷойе намерасидам. Маҳз ин барнома ба ман роҳи васеъ кушод, ки худро дар ноҳия бо касби бозоргири барқчӣ муаррифӣ намоям ва соҳиби маоши дурусту зиндагии хуб гардам. Аз кормандону устоҳои таълими истеҳсолии барнома хеле миннатдорам, ки ба ман ҳам касб омўхтанд ва ҳам маро соҳиби ҷойи кор карданд».

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ гардида истодааст, ки ҳадафи асосии он тайёр намудани мутахассисони барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ мебошад. Он ҳамчунин  ба мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва барқарорсозии инфрасохтори литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон, дастрасии баробар ба барномаҳои таълимӣ ва тақвияти идоракунию роҳбарӣ дар системаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.  Лоиҳа навкунии заминаи моддӣ ва таълимиро дар 29 муассисаи интихобшуда (21 литсей, 5 филиали маркази таълими калонсолон, 2 маркази касбомўзӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён) дар бар гирифта, аз рўйи 17 ихтисос стандартҳои салоҳияти касбӣ, барномаҳо, маводи таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ бо назардошти масоили гендерӣ таҳия мегардонад.

Дар доираи лоиҳа инчунин барномаи омӯзишии инклюзивӣ дар асоси талаботи бозори меҳнат таҳия ва татбиқ мешавад, ки ба баҳогузории салоҳиятнокӣ ва гузаронидани шаҳодатномакунонии хатмкунандагони литсей ва марказҳои таълими калонсолон ва дигар шахсони муроҷиаткунанда, хусусан муҳоҷирони баргашта, ки малакаҳои амалиро тавассути таҷрибаи корӣ дар дохил ва ё хориҷи мамлакат аз худ намудаанд, равона гардидааст.

Ҳамзамон дар доираи барномаи намунавии баробарии гендерии лоиҳа ба духтарон омӯзонидани касбҳои ғайрианъанавӣ пешбинӣ шудааст.

Октябрь 13, 2020 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд