Ноҳияҳои минтақаи Рашт маъракаи даъватро дар рӯзи якум пурра ба анҷом расониданд
РАШТ, 02.010.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод маъракаи даъвати тирамоҳиро пурра анҷом доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ноҳияҳои минтақа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок ва бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.
Комиcсари ноҳияи Рашт Кайҳон Маҳмадшозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддин Маҳмудов гуфт, ки “ҷавонони ноҳияҳои минтақаи Рашт дар натиҷаи тарбияи дуруст дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хубӣ дарк намуда, баҳри ҳифзи номусу шарафи ватандории хеш дар рӯзи якуми даъват бо омодагии ҷиддӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Наваскарони мо дар қисмҳои низомии мамлакат танҳо ба хотири ҳимояи марзу бум, бақои давлати миллӣ ва пойдории ваҳдату истиқлоли давлатӣ ҳама чун фарзандони як модар хизмат мекунанд”.
Дар ҳамоиши мазкур ба зиёда аз 80 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Мояи хурсандист, ки наваскарони панҷ ноҳияи минтақа бори аввал дар ноҳияи Рашт дар фазои тантанавӣ ҷамъ омода, машқҳои низомии омоданамудаи сарбозон ва яроқу аслиҳаю мошинҳои низомиро тамошо намуда, бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ раҳсипор шуданд.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода изҳор дошт, ки “аҳсан ба модароне, ки чунин ҷавонмардони бо нангу номус ва хештаншинос ба воя расонидаанд, ки онҳо имрӯз ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар роҳсипор мешаванд. Хизмат ба Ватан уҳдадории конститутсионӣ ва қарзи виҷдонии ҳар ҷавонмард аст. Имрўз наваскарони мо бо ин ҷасораташон ҳамчун қаҳрамон барои наслҳои минбаъда ба шумор рафта, на танҳо мояи ифтихори волидон ва деҳаи хеш, балки шоистаи ифтихори ноҳия ва ватани азиамон мебошанд”.
Дар ҷамъомади тантанавии гусели наваскарон модари даъватшаванда Дустмурод Маҳмадҷонов Дилафруз Хурсандназарова аз Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт гуфт, ки «ман модарам, модари тоҷик, модаре, ки шабҳои дароз бо лафзи ширини тоҷикӣ дар сари гаҳвораи фарзандам бо суруди алла муҳаббати модар- ватанро ба гӯшаш пайваста месурудам. Чун фарзандам ба мактаб рафт, бо ҳавас аз думболаш мерафтаму орзу мекардам, ки писарам калон шаваду чун бародаронам бо ифтихор ба хизмати Ватан равад ва дар назди хешу табор бо сари баланд гӯям, ки аскарбача дорам ва барояш тӯшаи роҳ омода кунам. Имрӯз ба мақсад расидам. Фарзандам мақсади маро амалӣ сохта, бо қалби лабрез аз муҳаббати ватандорӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад ва чун дигар ҷавонони сарбаланди тоҷик хизмати ҷавонмардияшро адо менамояд».
Дар маъракаи мазкур даъватшаванда Беҳруз Асроров, ки ихтиёрӣ ба хизмати Ватан мерафт, аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки “хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мояи ифтихори ҳар ҷавони ватандӯст буда, инро танҳо ҷавоне пеша менамояд, ки масъулият ва ҳисси баланди ватандорӣ ва хештаншиносӣ дошта бошад. Ҳамсолони ман аз саросари ҷумҳурӣ бояд аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ бошанду ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омода бошанд”.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карда, пас аз он меҳмонону наваскаронро сари дастархони идона даъват намуданд.









Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?






