Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо сокинони Бадахшон мулоқот намуданд

Октябрь 7, 2020 16:18

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон – сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд.

Мулоқоти номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо бо намояндагони сокинони шаҳри Хоруғ дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров баргузор гардид.

Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Хоруғ,№ 18 Силкабек Одинаев зимни вохӯрӣ номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода, аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода, шахсони боэътимоди номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шодигул Қонунзода, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Даринг Раҳмон ва аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Зарагул Мирасановаро ба иштирокчиёни вохӯрӣ муаррифӣ намуд.

Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо иштирокдоронро бо мазмуну мундариҷа ва мақсади барномаҳои пешаинтихоботиашон ба таври мухтасар шинос намуданд.

Тавре зикр гардид, барномаҳои пешаинтихоботии номзадҳо аз рӯи мазмуну мундариҷа ва мақсадҳо ба таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, ҳифзи музаффарияти истиқлол ва бехатарии давлат, рушди босуботи иқтисоди мамлакат, истиқлоли энергетикӣ, озуқаворӣ, коммуникатсионӣ, дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум бахшида шудаанд.

Дар доираи ин ҳадафҳо номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо оид ба нақшаҳои фаъолияташон баҳри беҳдошти соҳаи кишоварзӣ, саноат, соҳибкорӣ дигар паҳлуҳои рушди иқтисод, дар ин замина дастгирӣ ва равнақ додани соҳаҳои иҷтимоӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра маълумот доданд.

Зикр гардид, ки дар меҳвари ҳамаи ин нақшаҳо беҳдошти сатҳи зиндагии мардум тавассути баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, дастгириҳои моддиву молиявии меҳнаткашони мамлакат ва табақаҳои ниёзманди он қарор дорад.

Дар поёни мулоқот иштирокдорони вохӯрӣ ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо барои ба эътибор гирифтани хусусиятҳои хоси ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рушди иқтисоди минтақа, бахусус дастгирӣ ва андозбандии соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ, музди меҳнат ва нафақа, ҳифз ва эҳёи таъриху фарҳанг пешниҳодҳо манзур намуданд.

Октябрь 7, 2020 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон