ПИРӮЗӢ МУБОРАК! Дастаи «Равшан» баъди 26 сол дубора Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

Октябрь 19, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, Ҷом ба даст овард. Голи ягонаро ҳимоятгари «Равшан» Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-ум аз пеналтӣ зад.

Фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 35 000 сомониро ташкил медод. Ба ғолиб 20 000 сомонӣ ва ба дастаи ҷои дуюм 15 000 сомонӣ тақдим шуд. Ҳамчунин барои беҳтарин бозингари бозии финалӣ 3000 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки насиби нимҳимоятгари дастаи «Равшан» Абдураҳмон Нозимов гардид.

Бояд зикр кард, ки бори аввал дар таърихи мусобиқаи Ҷоми мамлакат намояндаи Лигаи якум пирӯз шуд.
Дастаи «Равшан» маротибаи дуюм аст, ки соҳиби Ҷоми Тоҷикистон мешавад. Қаблан, 26 сол пеш- соли 1994 ин Ҷомро болои сар бардошта буд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Финал
«Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

Гол: Далер Шомуродов, 67 – аз пеналтӣ.

Беҳтарин бозингар: Абдураҳмон Нозимов («Равшан»).

Октябрь 19, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд