Рустам Раҳматзода, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҷавононро бо манзил таъмин ва масъалаҳои гендериро ҳал мекунам»

Октябрь 8, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар яке аз бандҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода омадааст, ки як сабаби ҷудошавии оилаҳо- ин дар шаҳр надоштани манзили истиқоматист. Мавсуф ваъда додааст, ки дар сурати интихоб шудан ба ин мансаби баланд ӯ метавонад ҷавононро дар шаҳр бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд.

— Тибқи омор, порсол қариб 13 000 оилаҳо аз ҳам ба таври расмӣ ҷудо шудаанд, ки дар бештари ҳолатҳо сабаби вайроншавии оилаҳо  набудани манзили зист дар шаҳр мебошад. Барои ҳалли ин масъала мо дар Барномаи пешазинтихоботӣ якчанд пешниҳодҳо манзур  карда будем, ки яке аз он додани ипотекаи дарозмуддат ба ҷавонон мебошад,-  гуфт имрӯз Рустам РАҲМАТЗОДА дар суҳбат бо хабарнигорни АМИТ «Ховар» София ШОИК.

Ба андешаи Рустам Раҳматзода, ҳарчанд ки, бино ба арзёбии  Бонки ҷаҳонӣ, иқтисодиёти давлати мо бо сабабҳои маълум тахминан 10 фоиз зарар дида бошад ҳам, аммо Ҳукумати мамлакат ба ин нигоҳ накарда, кӯшиш дорад сол то сол музди меҳнатро баланд бардорад. «Худ қазоват кунед, соли 1999  мо пули миллӣ–сомонӣ ҷорӣ кардем, музди меҳнат он вақт 30 сомониро ташкил медод. Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 ҳамагӣ 300 миллион сомонӣ буд. Буҷете, ки мо  соли 2020 қабул кардем, 26 миллиарду 500 миллион сомониро ташкил медиҳад, яъне 80 маротиба рушд кардааст. Музди меҳнат ҳам зиёда аз 70 фоиз зиёд шудааст. Ҳамин сол ҳам музди меҳнат 15-20 фоиз баланд бардошта шуд, лекин ба ин нигоҳ накарда, музди меҳнати ҷавононе, ки дар вазорату идораҳо ва  корхонаю   ташкилотҳо фаъолият мекунанд, барои хариди манзил намерасад. Барои ҳамин мо пешниҳод дорем, ки Бонки миллӣ ва Вазорати молия бояд ташкилоти байналмилалии молиявиеро ҷалб кунанд, ки ба бонкҳо бо фоизи паст, яъне то 1 фоизи солона миллиардҳо доллар қарз медиҳанд. Ин пулҳоро мо барои додани қарзҳои дарозмуддат аз 25 то 30 сол сарф мекунем»,- афзуд Рустам Раҳматзода.

Мавсуф пешниҳод дорад,  ки фоизи қарз дар як сол аз 7-8 фисад зиёд набошад. «Бо ин кор метавон даҳҳо ҳазор ҷавононро дастгирӣ ва пошхӯрии оилаҳоро пешгирӣ  карда, пеши роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва  шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистиро гирифт»,-мегӯяд ӯ.

Масъалаҳои дигари барномаи мавсуф- ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳалли масъалаҳои гендерӣ дар мамлакат, зиёд кардани сафи заноне, ки дар иқтисодиёт фаъоланд, зиёда аз 5 маротиба зиёд кардани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар ин росто зиёд намудани музди меҳнат, ҳарсола таъсиси на кам аз 100 ҳазор ҷойи кор  ва ғайра мебошанд.

«Мақсади барномаи пешазинтихоботии мо  барои ҳафт соли оянда татбиқи  ҳадаф, вазифаҳо ва индикаторҳои ниҳоиест, ки дар Стратегияи миллии рушди иқтисоди Тоҷикистон то соли 2030 муайян карда шудаанд»,-баён дошт Рустам Раҳматзода.

 

Октябрь 8, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон