Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Қитъаи таҷрибавии Филиали Институти боғпарварӣ дар вилояти Суғд боздид намуданд

Октябрь 17, 2020 12:33

ДУШАНБЕ, 17.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Қитъаи таҷрибавии Филиали Интститути боғпарварии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат боздид намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин қитъаи замин асосан парвариши хурмо, ки ба иқлим ва обу хоки минтақа муносиб аст, роҳандозӣ гардидааст. Масоҳати умумии замини таҷрибавӣ 1 гектарро дар бар гирифта, бо ҷалби олимони соҳа дар он парвариши чор навъи хурмо роҳандозӣ гардидааст. Ба иттилои масъулин ҳар сол дарахтони боғи мазкур ҳамин гуна серҳосил буда, аз ҳар гектари он аз 30 то 35 тонна хурмои хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад.

Зимни боздид иброз гардид, ки бо назардошти ҳосили хуб ва сифати баланд дар қитъаи таҷрибавӣ навъҳои “Кулчахурмо”, “Серҳосили Вахш”, “Болаззати Деҳмой” ва “Пешпази ширин” парвариш карда мешаванд. Аллакай ҷамъоварии ҳосил аз қитъаи мазкур шурӯъ гардида, маҳсулоти тару тозаи он ба бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзӣ, ки дар он навъҳои гуногуни хурмо манзур карда шуд, дидан намуда, барои рушди фаъолият ва рӯёнидани ҳосили хуб ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Иброз гардид, ки дар баробари рушди дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия боғпарварӣ низ ба нишондиҳандаҳои чашмраси рушд ноил гардидааст. Дар ин замина дар доираи барномаҳои давлатӣ майдони боғи хурмо низ зиёд гардида, айни замон масоҳати умумии он дар саросари вилояти Суғд 300 гектарро ташкил медиҳад.

Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ ва гузаронидани машваратҳои соҳавӣ бо ҷалби олимони кишоварзӣ барои парвариш навъҳои серҳосили хурмо интихоб гардида, тибқи нишондиҳанаҳо боғпарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъмини бозорҳои мамлакат бо ин навъи мева хеле чашмрас аст.

Зимни намоиши кишоварзӣ иброз гардид, ки дар баробари таъмини эҳтиёҷоти худӣ бо ин навъи маҳсулот бояд содироти он ба дигар кишварҳо низ густариш дода шавад, зеро меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон харидорони худро доранд. Дар ин самт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзону масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иштирокчиёнро вазифадор намуданд, ки ҳар қитъаи заминро самаранок истифода баранд.

Боздид аз Қитъаи таҷрибавии Филиали Институти боғпарварӣ дар вилояти Суғд 17.10.2020

Октябрь 17, 2020 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро ба истифода доданд