Шаҳри Исфара маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ҷамъбаст намуд

Октябрь 2, 2020 10:04

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Артиши мамлакат шаҳри Исфара маъракаи даъвати тирамоҳиро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона анҷом дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ин рӯз 225 нафар ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, ки ихтиёран азми хизмати Модар – Ватан  доштанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. Ба ин муносибат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардида, дар он  Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода, кормандони комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидону ҷавонон иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Исфара зикр намуд, ки аҷдодони мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд.

«Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, метавон қаҳрамон ва ватандор номида, бо такя ба номи поки онҳо ҳомиёни ояндаи Ватанро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят намуд», — гуфт Акрам Сулаймонзода.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ, падари даъватшаванда аз деҳаи Чилгазӣ Хуршед Ғаффоров ва донишҷӯдухтар Рухшона Расулзода сухан карда, бо изҳори сипос ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршуда иброз доштанд, ки барои ҳар ҷавонмарди мамлакат Ватан муқаддас буда, хизмати ҳарбӣ ҳатмӣ мебошад.

Даъватшаванда Муҳаммадазиз Қодиров изҳор дошт, ки ҳизмати ҳарбӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар аст. Номбурда аз номи ҷавонони баору номус, ҷавонмардони ҳақиқие, ки ифтихори баланди миллӣ доранду Ватанашонро аз сидқи дил дӯст медоранд, дар назди аҳли ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок адо хоҳанд кард.

Дар анҷоми ҳамоиш барномаи  фарҳангӣ доир шуд.

Октябрь 2, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»